Мардуми Благовешенск аз тоҷикон шоданд

[:tj]Шаҳри Благовешенск дар қисмати шимолу шарқии Шарқи Дури Федератсияи Россия, дар соҳили чапи дарёи бузурги Амур ҷойгир буда, аҳолиаш зиёда аз 584 ҳазор нафар мебошад.

Сарҳади байни Благовешенск ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамагӣ 522 м мебошад. Корхонаҳои калони коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли киштӣ ба буҷаи шаҳр даромади хуб меоранд. Дар баробари корхонаҳои калони саноатӣ бахши тиҷорат низ дар мавриди ба кор фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмин кардан бо маҳсулоти ниёзи аввали мардум аҳамияти муҳим доранд. Соҳаи тиҷорат дар ин шаҳр аслан бо ворид шудани мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо вусъати тоза пайдо кард.

Тавре ки аз суҳбати телефонӣ бо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Благовешенск Раҳмат Аҳмадов бармеояд, бештари ҳамватанонамон дар ин шаҳр ба воридоти меваю сабзавоти Тоҷикистон машғуланд, ки барои рушду такомули равобити дуҷониба, баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест.

Зимни суҳбат Раҳмат Аҳмадов иброз кард, ки дар баробари дигар ҳамватанон, даҳҳо донишҷўёни тоҷик аз тариқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои олӣ ва касбии шаҳри Благовешенск сарбаландона таҳсил карда истодаанд. Ҷамъияти тоҷикон пайваста бо донишҷўён робитаи ҳамкорӣ дошта, дар ҳар як иду чорабинӣ донишҷўён фаъолона ширкат варзида, бо намоиши расму мусаввараҳои Тоҷикистон ва либосҳои миллии тоҷикона мардумро каме ҳам бошад, бо табиати зебову дилпазири Ватанамон, расму оинҳои миллии тоҷикона ошно месозанд. Бисёре аз ҳамватанонамон дар ин шаҳр дорои ширкатҳои тиҷоративу сохтмонии хусусӣ мебошанд, ки дар онҳо асосан тоҷикон фаъолият мекунанд. Акои Раҳматҷон иброз дошт, ки мо дар куҷое бошем, хуб медонем, ки бо номи Тоҷикистон як ватану як хонаи умед дорем. Дар ин гўшаҳои Шарқи Дур кўшиш мекунем бо рафтори накў ва барпо намудани чорабиниҳои фарҳангии миллиамон намуна бошем.

Тавре ки моҳӣ бе об зиста наметавонаду нафас намегирад, мо низ бе Ватан ҳеҷем. Хулоса бароред, агар инсон доротарин фард ҳам бошад, вале бе ватану бе миллат чун дарахти бе решаву бе поя аст. Имрўз мо шукронаи онро мекунем ва ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони моро дар саросари дунё чун кишвари офтобӣ, чун диёре, ки ба олам беҳтарин адибону олимонро, аз қабили Синову Рўдакӣ, Хайёму Фирдавсӣ, Турсунзодаву Айнӣ ва садҳои дигар додааст, диёри афсонавие, ки дар он ба калонсолон эҳтироми хоса доранду меҳрофару зебоиофаранд, чун диёре, ки мардумонаш дар меҳмоннавозиву самимият назир надоранд, мешиносанд.
Мо тоҷикони Благовешенск сарбаланду шукргузорем, ки имрўз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як муддати на он қадар тўлонӣ як кишвари ҷангзадаи харобгаштаро ба як кишвари ободу зебо ва дар ҳоли рушд табдил диҳад. Ҳар боре, ки ба Ватан меравем, беш аз пеш ободиву пешравиҳоро дида, аз чашмонамон ашки шодӣ ҷорӣ мешавад.

Ҳамчунин акои Аҳмадов илова намуд, ки Тоҷикистони мо дар як гӯшаи дур дар шароите қарор дошт, ки роҳи баромаду даромад қариб, ки набуд. Вале имрўз ҳазорон шукри амониву тинҷии Ватан, ки маҳз бо сиёсати одилонаву ободкоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба чор самти дунё роҳ кушодааст ва ин суханҳоро ман бе ягон дудилагӣ мегўям – касе, ки ба қадри ин заҳматҳову ободиҳо намерасад, обу хоки Ватан кўраш месозад, зеро дар чунин шароит обод кардан – ин худ қаҳрамонӣ, ҷавонмардиву олиҳимматист.

Мо, тоҷикони вилояти Амур ҳамеша дар ҳама вохўриву чорабиниҳои фарҳангиамон як нуктаро ёдрас мешавем, ки дар ин шаҳрҳои дур зиндагӣ кунем ҳам, вале ҳамеша дар фикри ободиву амонии Тоҷикистони азиз ҳастем ва ҳар хизмате бошад, барои Ватан дареғ намедорем, зеро ободиву сарсабзии Ватан – ин сари баланду ифтихори ҳар як ҳамватани бо нанг мебошад, ў хоҳ дар Федератсияи Россия бошаду хоҳ дар дилхоҳ гўшаи дунё. Мо дар ин ҷо ҳастем, вале падару модар, хешу ақрабо дар Ватан зиндагӣ мекунанд ва тинҷиву амонии Ватан – ин тинҷиву амонии мо мебошад. Аз ин рў дар ин давраҳои ҳассос мо доимо бо ҷавонони тоҷик вохўриҳо гузаронида, ба онҳо мефаҳмонем, ки ҳамеша ҳушёр бошанду фирефтаи аҷнабиён нашаванд ва боиси ранҷу азоби худу пайвандонашон нагарданд. Ҳамчунин ба онҳо тавсия медиҳем, ки ба таҳсили илмҳои замонавӣ машғул шаванд. Ҳаёт ба инсон як бор муяссар мешавад ва онро тавре бояд гузаронид, ки аз худ номи неке барои авлоду аҷдод боқӣ гузоранд, то ворисонашон баъдан тавонанд, ки миёни одамон сархаму малул неву сарбаланду ифтихорманд бошанд.
Мо ҳар сол барои оилаҳои ниёзманд ва кўдакони ятим ба миқдори кам ҳам бошад, кумаки моддӣ мефиристем. Инчунин барои сохтани роҳу синфхонаҳо кумак мерасонем ва инро ночиз ҳам бошад, як саҳми хурде дар ободии Ватан медонем.

Мо ба чеҳраҳои гарму самимонаи ҳамватанон, ба андешарониву бо меҳр сухан карданҳои онҳо нигариста, ифтихор аз он мекунем, ки ҳамватанони мо имрўз бо дарки баланди хештаншиносиву ифтихормандӣ дар гўшаҳои дурдасти кишвари Россия тавонистаанд як гўшаи зебои Тоҷикистонро бо риояи ҳама расму оинҳои миллӣ бунёд созанду ба дигар халқиятҳо нишон диҳанду муаррифӣ намоянд, ки тоҷикон миллате ҳастанд қадимтарину соҳибтамаддун, ватандору ободкору зеборўзгор ва дар ҳама ақсои олам нурофару ганҷофар, далер ва асилзодаву сарбаланданд.

                                                                                       Таҳияи Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо