• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Migration Service by Migration Service
01.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
ҚОНУНӢ ГАРДОНИДАНИ БУДУБОШИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аз 1 январи соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри соли 2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ” ба қувваи қонунӣ даромад.

Тибқи ин фармон, шаҳрвандони мо, ки ғайрирасмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бояд ё қаламрави ФР-ро тарк намоянд ва ё мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонданд.

ИН ҚОНУН БА КӢ ТААЛЛУҚ ДОРАД?

Ин қонун ба шаҳрвандони хориҷие зерин дахл дорад:

  • Мувофиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҷойи зисти худро дар мақомоти муҳоҷиратӣ (регистратсия) амалӣ накардаанд;
  • Патент барои кор нагирифтаанд;
  • Андози моҳонаи патентро пардохт накардаанд;
  • Ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта шомил мебошанд.

ИН ҚОНУН БА КӢ ТААЛЛУҚ НАДОРАД?

Ба шаҳрвандони зерини хориҷие, ки

  • Нисбати онҳо қарори суд оид ба ихроҷ аз Федератсияи Россия қабул шудааст;
  • Қарор дар бораи номатлуб будани будубоши онҳо дар ФР қабул шудааст;
  • Асосҳо барои рад кардан ё бекор кардани патент, иҷозат барои иқомати муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) ё раводид (виза) мавҷуданд.

ЧӢ ТАВР БОЯД ДАРХОСТ ПЕШНИҲОД КАРД?

Барои қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии худ шаҳрвандони хориҷӣ бояд:

  1. Шахсан ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД Россия – ба шуъбаи ВКД дар маҳалли зист ё кор муроҷиат намоянд .
  2. Дархост барои қонунигардонӣ пешниҳод намоянд – бо пур кардани варақаи махсус.
  3. Ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд, аз ҷумла:
    1. Шиносномаи хориҷӣ (бо тарҷумаи тасдиқшуда, агар лозим бошад),
    1. Корти муҳоҷиратӣ (агар мавҷуд бошад),
    1. Ҳуҷҷати бақайдгирии муваққатӣ (регистратсия- агар мавҷуд бошад),
    1. Патент (агар бошад) ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи асоси будубош дар ФР.
  4. Пардохти боҷи давлатӣ ё дигар пардохтҳои заруриро анҷом диҳанд (агар қонун талаб кунад).
  5. Ҷавоби расмиро интизор шаванд – баъд аз баррасии дархост, мақомот қарор қабул мекунад.

Барои маълумоти бештар ё санҷиши ҳуҷҷатҳои худ, шаҳрвандон метавонанд ба сомонаи расмии ВКД Русия ё марказҳои муҳоҷиратӣ муроҷиат намоянд.

ЧӢ ТАВР БОЯД МУРОҶИАТ КАРД ?

  • Шахсоне, ки дар шаҳри Москва ва вилояти Москва иқомат доранд, метавонанд ба
    Муассисаи давлатии буҷетии «Маркази муҳоҷират» (даромадгоҳи №2) муроҷиат кунанд.
  • Дар дигар минтақаҳо зарур аст, ки ба
    Корхонаи воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномавию раводид» (ПВС) ё ба мақомоти ҳудудии ВКД муроҷиат кунанд.

ФУРСАТИ ҚОНУНӢ КАРДАНИ МАҚОМИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД! МУҲЛАТИ ОХИРИН – 30 АПРЕЛИ СОЛИ 2025!

МУҲИМ!

Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳатман ишора кунед, ки шумо дар асоси фармони нав №1126 муроҷиат мекунед.
Кормандони мақомоти марбута аллакай аз ин қонун огоҳ ҳастанд. Ҳангоми пешниҳод накардани маълумоти мазкур,  дархости шумо тариқи тартиби стандартӣ баррасӣ мегардад ва дар ниҳояти кор эҳтимолияти рад гардидани патенти шумо шуда метавонад .

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ДАРХОСТ

  • Гузаштани ташхиси тиббӣ:

Ташхиси ВНМО, бемориҳои сироятӣ, истеъмоли маводи мухаддир;

  • Пешниҳод кардани изи ангушт ва акси шахсӣ.
  • Гирифтани шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия (дар ҳолати зарурӣ).
  • Имконияти таъйини ҷарима (бе қабул кардани қарор дар бораи манъи вуруд).
  • Пас аз анҷом додани ҳамаи марҳилаҳо шаҳодатнома дода мешавад, ки бо он метавон ба намояндагии ВКД барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат кард.
  • Ҳангоми пешниҳоди дархост, бояд тамоми андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро пардохт кард.

ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ВА ИМТИЁЗҲО

  • Додани дубликатҳои кортҳои муҳоҷиратӣ дар сурати набудани онҳо;
  • Бекор кардани қарорҳо дар бораи манъи вуруд, агар манъи вуруд пеш аз 5 феврали соли 2025 қабул шуда бошад;
  • Имконияти қонунигардонии фаъолияти меҳнатӣ бидуни баромадан аз Федератсияи Россия.

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талабот:

  • Шомил кардан ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта;
  • Маҳдудияти ҳуқуқ ва озодиҳо мутобиқ ба Қонуни Федералӣ №115-ФЗ;
  • Ҷаримаҳо ва ҷавобгарии маъмурӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва корфармоён.

АЗ КУҶО МЕТАВОН МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ ГИРИФТ:

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Суроға: 123001, ш. Москва, кӯчаи Гранатный, 13
Телефон: 8(495) 690-41-86;
Факс: +7 (495) 691-89-98;
E-mail: tajembmoscow@mfa.tj, Вебсайт: tajembassy.ru

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Телефон: +7 (495) 967 98 44, WhatsApp: +7 (999) 912 58 68

СФО, ш. Новосибирск, +7 (929) 388-54-11
E-mail: bahrom.yusufaliev1972@mail.ru

ПФО, ш. Уфа, +7 (926) 311-52-53
E-mail: zafarmuhojirat@mail.ru

СЗФО, ш. Санкт-Петербург, +7 (977) 963-25-69
E-mail: jonmahmadovfuruzon@gmail.com

ЮФО, ш. Краснодар, +7 (901) 344-77-77
E-mail: hursedm129@gmail.com

Мақомоти ҳудудии ВКД – барои ҳамаи минтақаҳо.

Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонСуроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айни 121
Телефон/факс: +992-225-07-19, 225-05-91, 225-05-81
E-mail: info@migra

Агар дар раванди тартиб додани ҳуҷҷатҳо саволҳои баҳснок аз ҷониби кормандони ВКД ФР ба миён оянд, шумо метавонед ба ҳуҷҷати СЭД №1/802 аз 28.01.2025 такя намоед .

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post

Терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Next Post
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб

Терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.