• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳамкории стратегӣ бо Қирғизистон

Migration Service by Migration Service
27.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳамкории стратегӣ бо Қирғизистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

13 – уми марти соли 2025 рӯзи таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз ифтитоҳи расмии сарҳадҳои давлатӣ байни ду кишвар сурат гирифт. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо рамзи эътимод ва дӯстӣ, балки оғози марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳои стратегӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Сарвари давлат пайваста ба ҳалли мусолиматомези масъалаҳои баҳсӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддати судманд бо Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд.

Мулоқотҳои сершумори сатҳи олӣ, аз ҷумла мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо Президенти Қирғизистон, ки дар расонаҳои хабарӣ ба таври муфассал инъикос ёфтаанд, заминаи мусоидро барои муҳокимаи ошкоро ва созандаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ фароҳам оварданд. Мавқеи устувор, пайгирона ва принсипиалии Садри муаззами кишварамон дар масъалаи ҳалли низоъҳо танҳо тавассути музокирот ва дар асоси эҳтироми мутақобила, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллии ҳарду ҷониб, нақши ҳалкунанда дар раванди ба эътидол овардани вазъият бозид.

Ташаббусҳои сулҳҷӯёна, пешниҳодҳои созанда ва иқдомҳои амалии ҷониби Тоҷикистон, ки дар изҳорот, суханрониҳо ва баромадҳои расмии Президенти кишвар борҳо садо дода, дар матбуоти даврӣ ва расонаҳои хабарӣ инъикос ёфтаанд, заминаи мустаҳкамро барои барқарорсозии эътимод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ гузоштанд.

Дар ин замина, муҳим аст, ки дастовардҳои асосии музокиротро ба тавофуқҳои мушаххас оид ба масъалаҳои марзӣ, истифодаи захираҳои обӣ, таъмини амнияти сарҳадҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ оварда расониданд.

Кушодашавии сарҳадҳо на танҳо як амали рамзӣ ва эъломияи сиёсӣ, балки як қадами бунёдӣ ва амалӣ дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Ин иқдоми муҳим ба афзоиши назарраси гардиши мол, ҳаракати озод ва бемамониати шаҳрвандон, рушди босуръати сайёҳӣ, эҳёи робитаҳои анъанавии хешутаборӣ ва дӯстӣ байни мардумони ду кишвар мусоидати бевосита хоҳад кард.

Таъкид мегардад, ки барқарорсозии муносибатҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо барои ҳарду кишвар, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин ҳамкорӣ метавонад ба ҳайси намунаи ибрат ва модели муваффақ барои ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа хидмат намояд.

Ин дастоварди бузург натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, талошҳои пайвастаи дипломатӣ, дарки амиқи манфиатҳои миллии ҳарду ҷониб ва масъулияти баланди таърихӣ дар назди наслҳои оянда мебошад.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад

Next Post

Ба терроризм нафрат дорем!

Next Post
Ба терроризм нафрат дорем!

Ба терроризм нафрат дорем!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.