• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Migration Service by Migration Service
26.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳушёрӣ ва зиракӣ – асоси амният ва суботи Ватан
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.” Аз ин хотир, ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз падидаҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ дар канор бошанд ва дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Чи хеле, ки маълум аст Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар он айёми мудҳишу вазнин барои Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нестшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ гашт, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму иродаи қавӣ ва кӯшишҳои бузурги Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”. Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат маҳсуб мешаванд. Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурустӣ муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.

Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуда истодааст. Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз дастгирии наврасон ва ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин тариқ, ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кӯшиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,

Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд

Next Post

Мақоми зан дар ҷомеа

Next Post
Мақоми зан дар ҷомеа

Мақоми зан дар ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.