Ваҳдат пояи миллат

[:tj]Мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди мамлакат баробари Истиқлолият арзиши бузург дорад, зеро Ваҳдати миллӣ тавонист чун омили нерўманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихи хизмати бузургро анҷом диҳад. Тавассути ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумщурии Тоҷикистон муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида шуд ва ин падида ҷищати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он заминаи воқеи гузошт. Асосгузори сулщу ващдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мущтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи мазкур таъкид намудаанд, ки «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия баТоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Ващдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад. Имрўз иттифоқ ва щамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши халқщои љаҳон қарор дорад. Танҳо тавассути Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар шуданд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ шуд ва кишвари азизамон ба шоҳрощи пешрафту тараққиёт ком зад. Ба андешаи Пешвои миллат «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Дарахте, ки сарвари давлат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, дар хақиқат, имрўз меваи ширин ба бор овардааст, ки албатта, фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ин ғояҳои саодат бахши расидан ба қадри Истиклолияту сабақҳои сулҳу ваҳдатро бояд дар тафаккури наслҳои имрўзу оянда низ ҷой диҳем. Зеро Ваҳдати миллиро бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва аз ин хотир, ҳар яки мо вазифа дорем, ки онро ҳифз намоем.

Дар шароити имрўза чораҳои ҳифзи Ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурўҳҳои ифротгаро тасаввур намудан номумкин аст. Ҷавононро зарур аст, ки дар ин самт зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурӣ рафтор намоянд. Ба ин албатта, доштани иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан кўмак мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохўриҳо ва суханрониҳои махсуси хеш борҳо таъкид месозанд, ки имрўз аз файзу баракати истиќлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрўзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллї мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътирофшуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сощибистиқлол ва соҳиб тамаддун таҳти сарварии дурбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи сиёсии хешро мустаҳкам намуда, бо давлатҳои хориҷи кишвар муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар ҳамин радиф, барқарор гардидани муносибатҳои дустонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати бародару ҳамсоя Узбекистон далели ин гуфтаҳо буда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар самти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ду кишвар ба назар мерасад. Ин албатта, ташаббус ва иқдоми ваҳдатгароёнаи Сарвари давлат буд, ки ду миллати ҳамдилу ҳамфарҳангу ҳамсарщад ба ҳам омаданд. Боз шудани марзҳои давлати Тоҷикистону Узбекистон дар арафаи ҷашни Наврўзи Ҷаҳонӣ барои ин ду миллати ташнаи дидор тўҳфаи арзанда гардид. Воқеан ин ҳодисаи сурурбахш аз сиёсати дўстпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин иқдом дар оянда барои ҳарду давлат имкон хоҳад дод, ки ҳам иқтисодиёт, ҳам иҷтимоиёту фарҳангу маданият рушд ёбанд.

Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ барои миллати мо дастоварди бузургу таърихӣ аст, ки қиммати онро ба ҳеҷ ганҷе баробар карда намешавад.  Як мушоҳида дар сар то сари Ҷумщурӣ гувоҳи он аст, ки баъди сощибистиқлолӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ рушду тараққиёти кишвар то кадом андоза ба даст омад. Сар аз ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ то бунёди мактабҳову кўдакистон, беморхонаву қасрҳои фарҳанг ва даҳҳои дигар ибтикороти созандаи давлату Ҳукумат далолати гуфтаҳои боло мебошад. Мо бояд ба ин неъматҳои бебаҳо шукргузорӣ намуда, дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Ращмон сарҷамъ ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем.

                                                                                         М. Сатторова                                                                                            сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират                                                                                        дар шаҳри Хуҷанд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо