Вохӯрӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

[:tj]Бо ибтикори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии иттилооти муовини директори муассиса Ҷамшед Қаландаров, машваратчии калон оид ба забономӯзӣ ва касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ Минҳоҷиддин Бақоев, ҳуқуқшинос Дилшод Убайдов, мутахассис Иброҳим Сайдалиев инчунин Камолиддин Боймуродов ва Парвиз Пиров духтурони эпидемологии Маркази ҷумҳуриявии пешгирии мубориза ба зидди касалии ВНМО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро муовини ректори донишкада оид ба тарбия Баҳриддин Ҷабборов ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи Раёсати донишкада хайрамақдам гуфт.

Сипас, дар назди ҳозирин Ҷамшед Қаландаров доир ба кору фаъолияти Марказ сухан намуда, иброз дошт, ки муассиса барои омода намудани муҳоҷирони тоҷик баҳри идомаи фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шудааст. Дар Марказ ба ҷавононе, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои будубош мераванд, маслиҳатҳои муфид дода мешавад.

Ӯ баён намуд, ки бо мақсади муайян намудани вазъи саломатӣ пеш аз сафар шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро ҳангоми ошкор шудани касалиҳои вазнин шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвари Россия хориҷ карда мешаванд.

Шаҳрвандон аввал ҷойи кор муайян намуда, бо корфармоён шартномаи меҳнатӣ банданд ва дар бораи корфармо ва фаъолияти он маълумоти саҳеҳ дошта бошанд.

Шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, шиносномаҳои хешро ба муҳлати як сол гирифта, пеш аз сафар ҷойи зисти худро муайян намоянд ва ҳаргиз бо шахсони тасодуфӣ, ки музди меҳнати баланд, пардохти роҳкиро ва ҳуҷҷатгузориро ваъда медиҳанд, бовар накунанд, зеро мумкин аст, ки онҳо фиребхӯрда, ба дасти қалобон афтанд.

Ҷ.Қаландаров  дар хатми сухани худ қайд кард, ки Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат метавонанд пеш аз сафар оиди ҷойҳои кори холӣ дар хориҷи кишвар ба шумо маълумот диҳад ва бехатарии ҳаёти шаҳрвандонро таъмин созад.

Дар идомаи вохӯрӣ машваратчии калон оид ба забономӯзӣ ва касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатии Марказ Минҳоҷиддин Бақоев иброз дошт, ки шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба минтақаи Россия мераванд, уҳдадор ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳои зистро ба расмият дароварда, аз забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия имтиҳон супоранд. Имтиҳонҳо дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Ҳуқуқшиноси Марказ Дилшод Убайдов бошад, дар баромади худ чунин иттилоъ дод, ки барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Ба ваъдаи даромади муфт ва зудҳалкардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ба шахсони шубҳанок бовар накунанд. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавиро ба сафҳояшон таблиғ менамоянд, ки аз онҳо дур будан, бар манфиати кор аст.

Дар вохӯрӣ, Парвиз Пиров мутахассиси ВНМО Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ доир ба бемории ВНМО сухан намуда, ба таваҷҷӯҳи ҳозирин расонид, ки хатару сирояти ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз шири модари сироятёфта ба кӯдак мегузарад.

П.Пиров аз ҳозирин эҳтиромона хоҳиш ба амал овард, ки пеш аз сафар ба муҳоҷиртаи меҳнатӣ ва ё баъд аз сафар, ҳангоми бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд, зеро ташхису табобати беморӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ махфӣ ва ройгон аст.

Дар интиҳои вохӯрӣ миёни донишҷӯёну меҳмонон суҳбати судманд доир гардид.

                                                                                         Анвар Юсупов    

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо