Мубориза алайҳи ифротгароӣ

[:tj] 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пайваста пайи ҷустуҷўйи роҳу усули самараноки мубориза бо ифротгароӣ талош меварзад. Сиёсати кишвар ба он равона шудааст, ки дину маориф созандаи ҳам бошанд, на хилофи  манфиатҳои умумии давлат. Ба истилоҳи дигар, маорифе, ки ҷомеаро аз ифротгароӣ раҳо бибахшад ва диндорие, ки ба ифротгароӣ набарад.

Тоҷикистон тайи даврони соҳибистиқлолӣ, дар заминаи чунин шеваи сиёсатгузорӣ ба чанд дастовардҳо ноил гардид, ки қадам ба қадам иқтидори кишварро дар ростои мубориза бо ифротгароӣ боз ҳам пурзўр намуд ва тамоюли тезутунди ба доми ифротгароён афтодани шаҳрвандонро коҳиш дод.

Дастоварди бунёдии  кишвар дар самти мубориза бо ифротгароӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро: аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»,  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020»-ро ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.  Бо вуҷуди ин, ҳеҷ як санад дастовард буда наметавонад, агар аз он ҷомеа ва давлат суде ба даст наоварад.      Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон якчанд маротиба китоби Қуръони маҷид, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи ал-Бухорӣ», «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ нашр гардиданд, ки мақсад аз он таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо омўзиш ва дарки моҳияти амиқи дини ислом ва аз байн бурдани хурофоти динию мазҳабӣ миёни аҳолӣ мебошад. Ибтидои солҳои 2000-ум бисёре аз адабиёти динӣ ба кишвар ворид мегардиданд, ки гўё хонандаро аз ислом бохабар мекарданд, вале дар асл мазҳабу равияҳои гуногунро пардапўшона тарғиб менамуданд. Аз ин рў, дар он марҳала бо китобҳои асл аз асли дин бохабар кардани омма амали шоиста ва таърихӣ ба шумор мерафт. Имрўз сокинон имкон доранд, ки ин китобҳоро бевосита мутолиа намуда, мазмуну муҳтавои онҳоро дарк намоянд ва фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои мазҳабӣ нашаванд.

Даҳсолаи охир аз лиҳози амниятӣ марҳилаи   бисёр мураккаб буд, зеро маҳз дар ҳамин як ҳошияи ками вақт нисбат ба солҳои қаблӣ дараҷаи шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ зиёд ба назар гирифта шуд. Дар ҳамин давра Ховари миёна гирфитори бўҳрони амиқи сиёсӣ шуд, ва гурўҳи тундраве дар сарзамини Ироқу Шом ба авҷи қудрати ифротӣ расида, бо роҳу воситаҳои гуногун сокинони аслан ҷавони кишварҳо, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуд. Новобаста аз он ки сокинони кишвар чӣ гуна ба ин гурўҳ шомил шуданд: бо майли худ ва ё зери таъсири фиребу найранг,  Ҳукумати кишвар эълом дошт, ки ҳар нафаре аз гуноҳи худ сидқан пушаймон шуда, ба Ватан бармегардад ва ё хоҳиши баргаштанро мекунад, омода аст, ёрӣ расонад ва гуноҳи онҳоро бибахшад. Ин равиш самараи хеле назаррас дод. Дар ин замина аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, ки ҷиҳати пайвастан ба гурўҳҳои ҷангҷўёни  террористиву ифротгаро, бахусус «Давлати исломӣ», ба Ватан баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухўрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.

Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони «Давлати исломӣ» мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хубу назарраси дастгоҳҳои таблиғотӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасони Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кўшишҳои зиёд ба харҷ доданд, то дар ин самт ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми апрели соли 2019 84 кўдаку навраси тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин иқдом арзиши баланди миллатдўстӣ ва нангу номуси миллии роҳбарияти олии ҷумҳуриямонро нишон дод. Бо вуҷуди ин, иқдоми мазкур кўшиши аввалин нест, қаблан низ чандин наврас аз маконҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан баргардонида шуда буданд.

Маъмулан, калонсолон аз рўйи хости худашон, пайрави ин ё он ҳаракати ифротӣ мешаванд ва ба сарзамини кишварҳои ҷангзада мераванд, аммо тифли наврас, ки ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омада тарбия ёфт, дар муҳити ҷангу куштору даҳшат ва гуруснагӣ ба воя расид, айбе надорад. Аз ин рў, баргардонидани кўдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдўстона мебошад. Ин тадбир тақдири даҳҳо наврасро, ки ҷуз ифротгарову бадбахт каси дигаре ба воя намерасиданд, куллан тағйир дода, соҳибватану бахтёр намуд.

Ҳамин тавр, дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо он Тоҷикистон чандин дастовардҳоро  соҳиб гардидааст, ки маҷмўан, дар ҳошияи фақат як даҳсола сурат гирифтаанд. Ин даҳсоларо метавон авҷи таҳдидҳои ифротӣ ба Тоҷикистон ва авҷи тадбирҳои зиддифротии кишвар номид. Дастовардҳои мазкур ниҳояти сиёсати давлатӣ дар умури амният ва пешгирии ифротгароӣ нестанд. Боз даҳҳо нуктаҳои меҳварии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ифротгароӣ номбар кардан мумкин аст, ки хосияти баланди намунаофарӣ доранд. 

                                                                           Толиб Шарипов

                                                   муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо