Санаи 9 июли соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҳикистон Нодирзода Иматшо намояндаи Минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга” дар шаҳри Елабугаи Ҷумҳурии Тотористон Меликов Рамиз ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ФР, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Дар навбати худ Меликов Рамиз муфассал дар бораи Минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга” маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, то ба имрӯз дар ҳудудҳои баистифодадодашудаи Минтақаи махсуси иқтисодӣ зиёда аз 42 корхонаҳои пешрафта ва машҳури истеҳсолии Федератсияи Россия, давлатҳои Араб, Туркия, Чин, Фаронса, Олмон, Қазоқистон ва ғайра бунёд гардидааст.
Ба ҳолати имрӯза дар корхонаҳои бунёдгардида ва бунёдшаванда зиёда аз 18 ҳазор нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, танҳо барои бунёду сохтмони инфраструктураи минбаъдаи он дар соли 2025 ҳазорҳо нафар норасоии қувваи корӣ дида мешавад.
Гирду атрофи ҳар як корхона, даромадгоҳҳо, макони истиқоматии кормандон ва бинои хобгоҳҳо аз лиҳози бехатарӣ муҷаҳҳаз буда, вуруд ва хуруҷ тариқи “FACЕ ID” сурат мегирад ва воридшавии шахси бегона ғайриимкон мебошад.
Хобгоҳҳои коргарон тибқи талаботи санитариву беҳдоштӣ таъмин буда, дар ҳудудӣ минтақа ва комплексҳои истиқоматӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ташкил гардидааст, ки кормандону истиқоматкунандагон дар вақтҳои фориғ аз кор бо навбат ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд.
Барномаи “Алабуга Старт” ва “Алабуга Политех”, ки шарики асосии инфрасохтории байналмилалии ҶС “Алабуга” ба ҳисоб меравад, сурат гирифт.
Бояд қайд кард, ки Барномаи мазкур масъули ҷалб ба кор ҷавонписарону духтарони синни 18 – 22 сола аз рўйи ихтисосҳои идоракунии сифати маҳсулот, пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ, тиҷорат дар соҳаи меҳмонхона ва ғайра мебошад. Дар фарҷоми барнома, ки дусол давом мекунад, ба иштирокдорон Сертификати касбӣ дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тотористон ва зимни мулоқот бо роҳбари он Рустам Минниханов қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Россия хонд. Мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, Президенти кишвар ба густариши босамари робитаҳо бо Тотористон ҳавасмандӣ карда, онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешбари Россия номидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки сафар ба Ҷумҳурии Тотористон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба такон мебахшад.
Ҳамзамон, санаи 15 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ» Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ширкат намуда, аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон дидан намуд.
Дар анҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Сипас, роҳбари ширкати мазкур аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дидан намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират