• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҳушёрии сиёсӣ ва маърифатӣ ҳуқуқӣ – омили пешгирии терроризм

Migration Service by Migration Service
05.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҳушёрии сиёсӣ ва маърифатӣ ҳуқуқӣ – омили пешгирии терроризм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб рафта, ба сулҳу субот, амнияти давлатҳо ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдид менамоянд. Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ мебошад.

Дар ин раванд ҳушёрии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ нақши муҳим доранд. Зеро танҳо шахсе, ки дорои ҷаҳонбинии солим, дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мебошад, метавонад моҳияти хатарҳои замони муосирро дуруст дарк намуда, дар пешгирии онҳо саҳми арзанда гузорад.

Ҳушёрии сиёсӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шаҳрванд вазъи сиёсии ҷомеа ва ҷаҳонро дуруст арзёбӣ намуда, ба ҳар гуна хабару маълумоти бардурӯғ, таблиғоти ифротгароёна ва даъватҳои ғайриқонунӣ бетафовут набошад. Имрӯз бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои террористӣ барои ҷалби ҷавонон ва паҳн намудани ғояҳои ифротӣ аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки шаҳрвандон ҳар як маълумотро бо диққат санҷида, ба таблиғоти гумроҳкунанда фирефта нашаванд. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Маърифати ҳуқуқӣ низ яке аз омилҳои асосии пешгирии терроризм ба шумор меравад. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва дарки оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои ғайриқонунӣ барои ташаккули ҷомеаи солим замина мегузорад. Шахси дорои маърифати ҳуқуқӣ ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намуда, аз амалҳое, ки ба амнияти ҷомеа ва давлат зарар мерасонанд, худдорӣ мекунад.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд аз донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд. Онҳо бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия ёбанд. Муҳим аст, ки ҷавонон дарк намоянд, ки терроризм ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли мушкилот набуда, танҳо боиси талафоти ҷонӣ, харобӣ ва нооромии ҷомеа мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти шаҳрвандон ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа аҳаммияти калон дорад.
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ вазифаи муқаддаси ӯст. Бетафовутӣ нисбат ба зуҳуроти номатлуб метавонад боиси паҳн гардидани ғояҳои хатарнок гардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо ҳамеша ҳушёр бошем, қонунро эҳтиром намоем ва дар пешгирии ҳар гуна амалҳои террористӣ саҳми худро гузорем.

Ҳушёрии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ заминаи муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм мебошанд. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи дониш, эҳтиром ба қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ватандӯст метавон ҷомеаи осоишта ва амнро барои имрӯзу оянда таъмин намуд. Сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ахмедов Мустақимҷон,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара   

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Вохӯрии навбатӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Вохӯрии навбатӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Вохӯрии навбатӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.