Дар нимаи дуюми 11 апрели соли равон маҷлиси Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда доир гардид.
Дар кори маҷлис муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони Сардори Хадамот, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.
Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2025 муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир баромад намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардид.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025-и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, №39 тасдиқ гардид.
Стратегия маҷмуи мақсад, самт ва масъалаҳои афзалиятноки танзими равандҳои муҳоҷиратро дар бар гирифта, шаклу усулҳои амалисозии онҳоро дар асоси таҳлили омилҳои устувор пешбинӣ менамояд. Бо назардошти омилҳои дохилӣ ва берунӣ он ба муайян намудани мушкилоти мубрами бақайдгирии вазъи муҳоҷират, роҳҳои рушди онҳо ва пешгўии натиҷаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ равона гардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳои зарурӣ оид ба самтҳои мубрами стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат ва дароз муҳлатро пешбинӣ менамояд.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар баромад намуда, ба мудирони бахшу шуъба ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода, таъкид намуд, ки оид ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар Федерастияи Россия, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубоши худро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки муҳлати иҷрои он рӯзҳои кам ба шумор мондааст, барои ҳаллу фасли он, корро ҷоннок намоянд.
Дар фарҷом ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар намудани сифати фаъолияти меҳнатӣ, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират