• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳаракатҳои ифротӣ шаванд

Migration Service by Migration Service
28.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Сиёсати ҷавонон дар кишварамон аз муҳимтарин самтҳои ҷомеа ба шумор меравад ва ба нерӯ ва хидмату азамати ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худшинос арҷ гузошта мешавад. Ва табиист, ки ояндаи давлату миллат дар дасти насли ватандӯсту худогоҳи имрӯз аст.

Бояд гуфт, ки ҷавонони имрӯз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунанд. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшан ҳувайдост. Ҷавонони имрӯзро лозим аст, ки мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳаракатҳои ифротӣ шаванд.

Имрӯз ҷавонони даврони Истиқлол барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим доранд ва тамоми шароитҳо ҷиҳати тарбияи маънавии ҷавонон ва такмили шуури маънавии онҳо дар кишвар фароҳам оварда шудааст. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ҳамакнун «Тоҷикон»‐оинаи таърихи миллат» метавонад нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузорад.

Бо зуҳури раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши фарҳанги технологӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа, рӯйдодҳои назаррас ба вуҷуд омаданд, ки бо вуҷуди натоиҷи мусбат доштан, баъзе падидаҳои манфиро низ дар худ ғунҷоиш додаанд. Бояд дар хотир дошт, ки амният ва пойдории сулҳу ваҳдат дар ин ё он давлат барои бархе аз ашхос ва гурӯҳҳои махсус он қадар писанд нест, зеро ин гурӯҳҳо ҳаргиз пешрафтҳои назарраси кишвар ва мамлакати худ, ҳатто ҷаҳони муосирро дида наметавонанд, чун онҳо бо афкори хурофотии кӯҳнапарастона зиндагӣ мекунанд.

Ин гуна гурӯҳҳои радикалӣ пешрафт ва муваффақияти худро дар нооромӣ ва парешонии кишварҳои мухталиф медонанд. Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадафҳои манфури хеш бо роҳу восита амнияти ҷомеаи имрӯзро таҳти хатар мегузоранд. Дар ҳамин замина яке аз амалҳои бисёр хавфовари чунин гурӯҳҳо таҳти таъсири хеш қарор додани тафаккур ва ғояҳои ҷавонон ба шумор меравад. Ҳамин гуна раванди тезу тунд ба нерӯи фикрӣ ва афкори ҳанӯз таҳаввулнаёфтаи ҷавонон таъсири номатлуби зиёд ба бор меоварад.

Заминаҳои пайдоиши ин рӯйдодҳои ҳадафмандона пеш аз ҳама нодида гирифтани пешрафтҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби ҳамон гурӯҳҳои манфиатхоҳ мебошад.

Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки дар вазъияти имрӯза ва ба хусус дар раванди ҷаҳонишавии босуръат, пеш аз ҳама, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар ин радиф ба тақдири ҷавонони кишвар бетараф набошем.

Фатҳидинзода Ансорӣ,
корманди масъули Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ бо сокинони маркази ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.