Ҷумҳурии мо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд. З-ин рӯ мардуми кишвар барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, таъмини суботи комил, пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм тамоми нерӯву имконияти хешро мебахшад.
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст ва дар ҳамаи минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм буда, боиси таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон ва мардумони олам гардидааст.
Ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро имрӯзҳо пайдо кардааст ва он ҳамчун хавфноктарин таҳдид барои инсоният ва ҷомеа боқӣ мондааст, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд ёфта истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб намудааст.
Солҳо ва моҳҳои охир ҳазорҳо нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафар маъюб шудаанд, хусусан қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон.
Ин амалҳои нопок ва ваҳшиёна аз тарафи як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин анҷом дода мешаванд.
Ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ мехоҳанд дар ҷаҳон эътибори сиёсӣ пайдо намоянд. Бояд қайд кард, ки ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто, дар варзиш ба миён ояд. Терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, мебошанд.
Рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта вобаста аст. Ин андешаҳо ниҳоят муҳим мебошанд, ки дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва, касеро бетараф гузошта наметавонанд.
Дар рафти ҳаёти худ ҳар як инсон бояд ин олами пурасрорро дарк намуда, ба моҳияти қонуниятҳои ҳаракату инкишофи он сарфаҳм равад. Барои гузоштани таҳкурсии маънавиёти фарзандон саҳми падару модарон, омӯзгор ва калонсолон хеле муҳим аст.
Тарбияи онҳо барои минбаъд соҳибмаърифат гаштан, дар ҷамъият мавқеи устувор пайдо намудан ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардан муҳим ва зарур аст.
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавонони сустирода, хусусан муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ эҳтиёҷдоштаву маърифати комил надоштаро ба доми худ ҷалб мекунанд. Бояд аз хатарҳои ин зуҳурот муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо огоҳ шаванд. Бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби дониши кофӣ надоштан, даст ба қонуншиканию ҷиноятҳо мезананд.
Баҳри пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама, ҷавонони солимфикр – нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеаро, лозим аст, ки барои ҳимояи таърих, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодӣ дониши сиёсии худро комил гардонанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Нисбат ба вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошанд.
Шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводи шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроваридошта, худдорӣ намоянд. Зеро гурӯҳҳои террористӣ шабакаи интернетро чун воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб кардаанд.
Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳамаи кӯшишҳои роҳбарияти Олии давлатро пазироӣ намуда, бояд баҳри таҳкими пояҳои истиқлолият кӯшиш кунанд. Танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.
Бобоназарзода Санавбар,
мудири шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе