• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон – табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд

admin by admin
11.07.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад.

Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод.

Дар натиҷа кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд.

Ҳамчунин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд.

Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд.
Ҳамчунин, кишвари мо бо сохторҳои минтақавӣ чун-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад.

Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад.

Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”.

Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат меҳсуб мешаванд.

Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурустӣ муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.

Бо баробари ин, ба хотири ҷалби бештари наврасону чавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодааст.

Имруз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.

Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд.

Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ворид гашта, фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд.

Дар ин радиф, ҷомеашиносони барҷастаи ҷаҳон мегӯянд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонашро мағзшӯи намо, давлат худ гирифтори парокандагӣ гашта, аз байн хоҳад рафт”.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҷавонони кишварро зарур аст, ки таърих, забон, фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯзанд ва ба онҳо арҷ гузоранд.

Соибов Исроил,
сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

Next Post

Таъзия

Next Post

Таъзия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.