Дар раванди бо суръати ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳову ақидаҳо дар замони муосир пайдо гардидани падидаҳои номатлуби ифротгароию террористӣ дар тамоми дунё аз ҳисоби зиёдараву камсавод ба амал омада, сулҳу суббот, якпорчагӣ ва амнияти давлатҳои алоҳидаро халалдор намуда, халқҳои ин кишварҳоро зери тарс қарор дода, маҷбур ба муҳоҷират ва сарсониву саргардонӣ менамоянд.
Аз тарафи олимону донишмандон ва сиёсатмадорон дар ин самт бисёр таҳлилҳову корбариҳо анҷом дода шудааст ва хулосаи ҳамагон дар бораи терроризму террористон ва ифротгароён дар як нуқта ҷамъбаст мегардад, ки мақсади асосии ҳамаи ин ашхос тариқи зуриву тарсу ҳарос ба сари қудрат омадан асту, мардумро ба қашоқӣ ва зиндагии паст талқин намудан мебошад.
Агар назар ба луғат намоем худи маънои калимаи «Террор» (terror), ба маънои тарсонидан ва даҳшатафканӣ омадааст.
Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои терроризм ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ва иқтисодӣ истифода мешавад.
Ҳангоми қатлу куштор зуроварӣ намудани ифротгароён, ин амалҳояшон ба ҳаракатҳои террористӣ табдил меёбад, худи маънои калимаи ифрот кардан ин аз худ гузаронидан ва аз эътирозу тавозун берун шудани амалу рафторҳои шахсони ифротӣ мебошад.
Маънои аслии луғавии «Ифрот» – арабӣ буда, аз решаи «Фарт», авҷ ё ниҳоят сохта шудааст. Агар ҳар шахс дар тавозуни ақлу хиради хеш рафтору кирдори як нафар ифротиро мулоҳиза намояд, пас пай мебарад, ки шахси ифротӣ нафарест, ки дар тарзи фаҳмиши худ оид ба сиёсати имрӯзаи давлатҳои алоҳида ё ягон масъалаи дигар аз доираи меъёри қабулшуда зиёдаравӣ намудааст.
Дар мисоли оддӣ метавон шахси пурхурро ё ин ки дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравро ба ин нафарон шабеҳ дод, зеро ин нафарон дар ин маврид ба маънои луғавии ифрот мувофиқат мекунад.
Чуноне. ки имрӯзҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагон мушоҳида намуда истодаем, қадами дигари ифротгароён ва ақидаҳои онҳо аз сатҳи тафаккур баромада, сатҳи таблиғот аз сатҳи талаботи қатъи аз дигарон ва ба сатҳи тундравӣ мегузарад ва ин ноҷавонмардон бадхоҳони давлату миллат тарзи давлатдорӣ, сиёсати кунунии кишварҳоро рӯи рост танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳанд ва дар зиндагии рӯзмараи ин тоифа шахсиятҳо, фикру ақида, рафтору зиндагӣ, тарзи давлатдории аъзои дигари ҷомеаро қобили қабул намуда мекушанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида бо роҳи зурӣ ва мағзшӯйӣ ҷавонони ноогоҳу камсавод сафи аъзоёни хешро зиёд намуда, мақсадҳои нопоку ғаразноки хешро амалӣ намоянд….
Мо ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлол худро ватандорони асили ин миллат ҳисобида бар ивази ҷони хеш омодаем, то якпорчагӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллии ин кишвари аҷдодиро ҳифз намоем, намегузорем то нохалафе бар хоки Ватани маҳбубамон чашм аъло намояд ва ба тамоми ҳастӣ гуфтаву рафторҳои гурӯҳҳои ифротиро пурра маҳкум менамоем.
Баҳрулло Ғайбуллоев,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ