Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара семинар-машварат бо иштироки муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо доир гардид.
Дар семинар-машварат иштирокдорон доир ба муқовимат ба савдои одамон, ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ибрози андеша намуданд.
Инчунин, мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., дар бораи Паёми имсолаи Президенти мамлакат, ки фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар мебошад, баромад намуда, қайд кард, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд барои дар амал тадбиқ намудани барномаву масъала ва ҳадафҳои дар Паём ироа гардида, саъю талош намояд.
Зимни суханрониҳо вазъи бениҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм ёдовар шуда таъкид гардид, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар фарди ба нангу номус, аз ҷумла ҷавонони саодатманди даврони истиқлол мебошад.
Барои пешгирӣ намудани паҳншавии фарҳанги бегона тадбирҳои мушаххас ва муассир андешидан зарур аст.
Дар рафти семинар-машварат оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони ба ватан баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳамзамон, оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд