ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО”

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қисми 1, мод. 305; соли 2010, №1, мод. ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

Қонуни мазкур асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонун мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилале, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

Моддаи 2. Мафҳуми асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-гуреза – шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад;

-шахси паноҳҷўянда- шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки давлати шаҳрвандии худ ё ҷои истиқомати пештараашро бо мақсади пешниҳод намудани дархост барои гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк намудааст;

-ҷои зисти муваққатӣ (марказ) – ҷои сукунати муваққатии шахсони паноҳҷўянда, аъзои оилаҳои онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намуда ё гуреза дониста шудаанд, ки имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилонасокин шуданро надоранд;

-шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархост – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷўянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

-шаҳодатномаи гуреза – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷўяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;

-мақоми гуреза – вазъи ҳуқуқии (маҷмўи ҳуқуқҳои умумӣ, озодиҳо, ўҳдадориҳо ва манфиатҳои қонунии муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон) шахсони паноҳҷўянда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудаанд.

Моддаи 3. Маҳдудиятҳо оид ба додани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони паноҳҷўяндаи зерин татбиқ намегардад:

-ба онҳое, ки нисбаташон далелҳои асосноке мавҷуданд, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои муқобили сулҳ, ҷиноятҳои ҳарбӣ ё ҷиноятҳо бар зидди инсоният тахмин карда мешаванд, тибқи тафсире, ки ба ин кирдор дар санадҳои байналмилалии бо мақсади андешидани чора нисбати ин ҷиноятҳо ба имзорасида, дода шудааст; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-ба онҳое, ки нисбаташон асосҳои кофие мавҷуданд, ки аз ҷониби онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани ҷинояти вазнини характери сиёсӣ надошта пеш аз ба ин ҷо омадан тахмин меравад ва дар хусуси гуреза донистани худ дархост пешниҳод кардаанд;

-ба онҳое, ки нисбаташон дар хусуси мансубияти эҳтимолӣ ба мақомоти махсуси давлати мансубияти шаҳрвандии худ, ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ё сохторҳои мафиозии маводи мухаддир маълумот мавҷуд аст;

-ба онҳое, ки нисбаташон асосҳои кофие мавҷуданд, ки аз ҷониби онҳо содир намудани кирдори хилофи мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо тахмин карда мешавад;

-ба онҳое, ки аз ҳимоя ё кўмаки мақомот ё муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ғайр аз идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, истифода мебаранд.

2.Қонуни мазкур ҳамчунин ба шахсоне татбиқ намегардад, ки давлати мансубияти шаҳрвандии худро (маҳалли истиқомати пештараи худро) бинобар сабабҳои иқтисодӣ дар натиҷаи гуруснагӣ, эпидемия ё ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва хусусияти техногенӣ дошта тарк намудаанд.

Моддаи 4. Мақомоти идораи давлатӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо

Мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд, инҳоянд:

– мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

Моддаи 5. Ваколат ва ҳамкории мақомоти идораи давлатӣ

1. Мақомоти корҳои дохилӣ:

-фаъолияти мақомоти идораи давлатиро оид ба масъалаи гурезаҳо ҳамоҳанг месозад;

-ба фаъолияти мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ роҳбарӣ ва назорат менамояд ва бо фармонҳои худ ваколатҳои (вазифаҳо, ўҳдадориҳо, ҳуқуқ ва масъулияти) онҳоро муайян менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-тибқи тартиби муқарраргардида маълумотро дар хусуси вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, санитарию эпидемиологӣ дар кишвари мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) шахси дар хусуси гуреза дониста шудан дархост карда, инчунин маълумотро оид ба тағйирот дар низоми шиносномавию раводидии (визавии) давлатҳои хориҷӣ ва қоидаҳои истиқомати шахсони паноҳҷўянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад ва ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ирсол менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи давлатҳоеро, ки истиқомати муваққатӣ дар онҳо қабл аз омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан ва рад намудани гуреза донистан асос мебошад, низомномаи шаҳодатномаи гуреза, шакли бланкҳои шаҳодатномаҳои намунаашон муқарраргардидаи гуреза, нуқтаҳои ҷойгиронии муваққатӣ ва номгўи маҳалҳои аҳолинишине, ки истиқомати муваққатӣ дар онҳо ба шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо манъ аст, санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ марбутбуда пешниҳодот таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-барои шахсони паноҳҷўянда, ки оид ба гуреза донистани онҳо дархост пешниҳод намудаанд, марказҳои зисти муваққатӣ ташкил менамояд;

-аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият ба тарзи ройгон иттилоотеро мегирад, ки барои тафтиши маълумоти пешниҳоднамуда оид ба дархости шахси паноҳҷўянда дар хусуси гуреза донистанаш зарур мебошад; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-ба шахсе, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост намудааст ё гуреза донисташуда, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст ва бе ҳамроҳии намояндаи қонунии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар дастрас намудани маълумот оид ба мавҷуд будан ва ҷои истиқомати падару модар, ё дигар намояндагони қонунӣ, ё хешовандонаш ёрӣ мерасонад; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-дар асоси қарори комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза ва ҳуҷҷатҳое, ки аз мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ бо дархост дар хусуси гуреза донистан гирифта шудаанд, дар бораи гуреза донистани шахс қарор қабул менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дар асоси ҳуҷчатҳои бақайдгирии шўъбаҳои раводид ва бақайдгирӣ шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудаанд, санҷида, дурустии маълумоти додаи онҳоро муайян менамояд;

-шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархостро медиҳад;

-ба шахсоне, ки мақоми гуреза гирифтаанд, шаҳодатномаи гурезаи намунааш муқарраршуда медиҳад;

-азнавбақайдгирии ҳарсолаи гурезаҳоро анҷом медиҳад;

-мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур дар хусуси аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи маҳрум намудан аз мақоми гуреза қарор қабул менамояд;

-бо мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони воқеї ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон оид ба масъалаҳои дигаре, ки ба салоҳияти он вогузор гардидаанд, ҳамкорӣ мекунад; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

– шахсоне, ки нисбати онҳо масъалаи бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза дониста шуданашон баррасӣ мегардад ва шахсони шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархостдоштаро ба қайд гирифта, мўҳлати амали қайди онҳоро дароз мекунад;

– барои шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати муваққатии зистро ба расмият дароварда, ба онҳо месупорад ва мўҳлати амали онро дароз мекунад;

– ҳангоми зарурат расмиёти айниятгардонии (идентификатсияи) шахсияти онҳоеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, анҷом медиҳад;

– дактилоскопияи (нақши панҷаҳо) шахсонеро, ки барои гуреза дониста шудан дархост намудаанд, анҷом медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

2.Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дар доираи салоҳияти худ оид ба ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 3 ва 7 Қонуни мазкур доир ба шахсони паноҳҷўянда, ки изҳори хоҳиши гуреза дониста шудан намудаанд ё дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост кардаанд, ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумот пешкаш менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дар мувофиқа бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хориҷ кардани шахсоне, ки нисбати онҳо қарори ниҳоӣ дар хусуси рад намудани бақайдгирии дархости гуреза донистани онҳо, дар хусуси рад намудани гуреза донистан, дар бораи беэътибор донистани мақоми гуреза ё маҳрум намудан аз мақоми гуреза ва аъзои оилаи онҳо, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати муқарраргардида нарафта бошанд, қарор қабул мекунад;

-хориҷ кардани шахсонеро, ки нисбати онҳо дар бораи хориҷ карда шуданашон қарор кабул шудааст, амалӣ менамояд, дар сурате, ки хориҷшавандагон дар мўҳлати як ҳафтаи баъди қабули қарор дар ин бора ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят накарда бошанд;

-мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳо ё берун аз онҳо шахсони паноҳҷўяндаро, ки барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома надоранд, вале бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми моддаи 2 Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, бозмедорад ва дар мўҳлати на дертар аз 72 соат дар ин бора ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

3.Мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар музокирот, таҳия ва омодасозии лоиҳаҳои аҳдномаю созишномаҳо ва ворид намудани пешниҳодот оид ба бастани онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар масъалаи гурезаҳо иштирок менамояд;

-вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, санитарию эпидемиологиро дар ин ё он кишвари мансубияти шахсони паноҳҷўянда, оид ба гуреза дониста шудан дархост намудаанд, таҳлил намуда, ҳамоҳанг месозад ва дар ин хусус маълумот пешниҳод менамояд;

-дар бораи тағйиротҳои шиносномавию раводидӣ (визавӣ) ва қоидаҳои зист дар кишварҳои хориҷӣ маълумот тайёр менамояд;

-ҷараёни иҷрои аҳдномаи байналмилалӣ ва шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои гурезаҳо назорат менамояд;

-якҷоя бо дигар мақомоти ваколатдор масъалаҳои ҳолати ҳуқуқии шахсони паноҳҷўяндаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

-барои шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида гуреза дониста шудаанд ва аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷатҳои хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, ба онҳо месупорад ва мўҳлати амали онҳоро дароз мекунад;

-дар доираи ваколатҳои худ ва иҷрои талаботи Қонуни мазкур, таъмини аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани шахсоне, ки гуреза донистани онҳо рад шудааст, аз мақоми гуреза маҳрум гардида ё мақоми гурезаро аз даст додаанд, мусоидат менамояд.

4.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-ҷои сукунати муваққатии шахсонеро, ки дархости гуреза донистани онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шудааст, муайян мекунанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-ба ҳамгироии шахсони гуреза дониста шуда, бо назардошти мавҷуд будани ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои ишғолнагардида дар бозори меҳнат кўмак мерасонанд;

-ба шахсони гуреза донисташуда, ки имконияти мустақилона сокин шудан надоранд, барои истиқомати муваққатӣ ҷойи зист пешниҳод мекунанд.

Моддаи 6. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархост дар бораи гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда

1.Шахсе ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ ҷустан дорад, метавонад ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати сукунати вай бо дархост оид ба гирифтани мақоми гуреза муроҷиат намояд.

2.Шахси паноҳҷўянда, ки изҳори хоҳиши гуреза дониста шудан намуда, ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидааст, ўҳдадор аст шахсан ё ба воситаи намояндаи ваколатдоршуда ба мақомоти зерин бо дархости хаттӣ муроҷиат намояд:

-дар гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар сурати убури иҷбории ғайриқонунии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як шабонарўз аз лаҳзаи убури Сарҳадидавлатӣ. Дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои аз шахсони паноҳҷўянда вобаста набуда, ки барои сари вақт бо дархост оид ба гуреза дониста шудани ў муроҷиат намуданаш монеъ мешаванд, мўҳлати муроҷиат метавонад аз ду шабонарўз зиёд бошад, вале на бештар аз давраи ҷой доштани ҳолатҳои бамиёномада; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолатҳои ба таври қонунӣ омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати на дертар аз як моҳ. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

3.Агар шахси паноҳҷўянда бинобар вазъи саломатӣ имкони шахсан дар хусуси гуреза дониста шудан муроҷиат кардан надошта бошад, ин корро метавонад намояндаи ваколатдори ў бо пешниҳоди ҳуҷҷати тиббӣ оид ба вазъи саломатии пешниҳодшаванда анҷом диҳад.

4.Шахсе, ки Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷборан ғайриқонунӣ убур намудааст ва дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шудан изҳори хоҳиш кардааст, бе истифодаи чораҳои ҷазои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ў барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ғайриқонунӣ қарор доштан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷузъу томҳои қўшунҳои сарҳадӣ ё мақомоти амнияти миллӣ боздошт мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

 5.Ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва мақомоти амнияти миллӣ дар хусуси хоҳиши шахсони паноҳҷўянда барои гуреза дониста шудан ба наздиктарин мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ барои баррасии масъалаи бақайдгирии дархост дар муддати 72 соат хабар медиҳанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

6.Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахсони паноҳҷўяндаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, ки ҳамроҳи ў омадаанд, ба дархости падар ё модар, дар сурати набудани падару модар ба дархости намояндаи қонунии онҳо ё ба дархости яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба шонздаҳ нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, ворид карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

7.Дар ҳолати бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд ва хоҳиши гуреза дониста шуданро изҳор намудаанд, мақомоти корҳои дохилӣ бо онҳо пурсиш гузаронида, варақаи пурсишнома пур мекунад. То қабули қарор оид ба муайян намудани вазъи ҳуқуқии онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба мақомоти васоят ва парастории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдани ин шахсон тадбирҳо андешида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

8.Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда, ки ғайри қобили амал дониста шудаанд ва хоҳиши гуреза дониста шуданро доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

9.Баррасии дархости шахсони паноҳҷўянда, ки аъзои як оила мебошанд, нисбат ба ҳар як узви ба синни шонздаҳсолагӣ расидаи оила, дар алоҳидагӣ бо назардошти талаботи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.

10.Дар сурати ҷой надоштани ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур нисбати яке аз аъзои ба синни шонздаҳсолагӣ расидаи оила, бо мақсади таъмини муттаҳидшавии оила ин узви оила низ бо хоҳиши ў гуреза дониста мешавад.

11.Қарор дар бораи бақайдгирии дархости шахс, дар хусуси гуреза донистани ў аз ҷониби комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза дар мўҳлати даҳ рўзи корӣ пас аз лаҳзаи пешниҳод гардидани дархост тибқи натиҷаҳои тартиб додашудаи анкетавии шахси паноҳҷўянда, тартиб додани варақаи баёнот дар асоси доир намудани сўҳбати инфиродӣ, инчунин тибқи натиҷаҳои тафтиши дурустии маълумотҳои бадастомада дар бораи ин шахс ва аъзои оилаи ў, ки ҳамроҳаш омадаанд, қабул карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

12.Ба шахсе, ки дархости ў дар хусуси гуреза дониста шуданаш ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархост (минбаъд шаҳодатнома) дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ў мебошад.

13.Маълумот дар бораи аъзои оилаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаи шахсони паноҳҷўянда, ба шаҳодатномаи падар ва модар, дар сурати набудани волидайн – ба шаҳодатномаи намояндаи қонунии онҳо ё ба шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба шонздаҳ нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, сабт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

14.Ҳамчунин ба шахси паноҳҷўяндаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, ки бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудааст, бо назардошти таклифҳои мақомоти васоят ва парасторӣ метавонад шаҳодатнома супурда шавад.

15.Шаҳодатнома барои бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомат ба қайд гирифтани шахс ва аъзои оилаи ў, ки дар хусуси гуреза дониста шудан дархост пешниҳод намудаст, дар мўҳлати дида баромадани дархост асос мегардад.

16.Шаҳодатнома ҳамчунин дар сурати зарурат барои сукунати муваққатӣ роҳхат гирифтани шахси паноҳҷўянда ва аъзои оилаи ў асос мебошад.

Моддаи 7. Маҳдудкунии ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд

Ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷўяндае, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, мумкин аст танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳимоя ва амнияти давлат, ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, ахлоқ, саломатии аҳолӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шахсон маҳдуд карда шаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

Моддаи 8. Асос барои рад намудани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан

Барои рад намудани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистани шахси паноҳҷўянда ва рад намудани гуреза донистанаш, ҳолатҳои зерин асос мешаванд, агар:

-дархости шахс комилан беасос бошад ё хусусияти сўиистифода дошта бошад;

-ҳолатҳои истиснокунандаи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ошкор гарданд;

-дархости шахс пештар дар бораи гуреза дониста шудани ў бинобар мавҷуд набудани ҳолатҳои хавфи дучории таъқиб гаштан рад шуда бошад, дар сурате, ки вазъият дар кишвари мансубияти шаҳрвандии ў (маҳалли истиқомати пештараи ў) аз рўзи радия гирифтан то рўзи пешниҳоди дархости нав тағйир наёфта бошад;

-шахс шаҳрванди давлати сеюме бошад, ки метавонад аз ҳимояи он истифода намояд ё ҳуқуқ дорад дар асоси қонунӣ дар қаламрави кишвари сеюм бе хавфи дучори таъқиб шудан дар ин кишвар истиқомат кунад;

-шахс бевосита аз қаламрави дигар давлате омада бошад, ки то ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан дар қаламрави он таҳти таъқиб қарор надошт ё метавонист мувофиқи тартиби муқарраргардида паноҳгоҳ ё мақоми гуреза гирад;

-шахс давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худро бинобар хавфи ҷазо гирифтан мутобиқи қонунгузории ин давлат барои ғайриқонунӣ берун шудан аз қаламрави он ё барои содир намудани дигар ҷиноят дар қаламрави он тарк намуда бошад ва бо ҳамин сабабҳо намехоҳад ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ баргардад;

-шахс иҷборан ғайриқонунӣ Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади пешниҳод намудани дархост дар хусуси гуреза дониста шудан убур намуда бошад ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бораи гуреза дониста шудан бо ариза муроҷиат накарда бошад;

-шахс аз додани маълумот дар бораи худ саркашӣ намояд, дар бораи худ ё ки дар бораи ҳолатҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданаш маълумоти бардурўғ пешниҳод намояд;

-шахс бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди никоҳ бошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирад;

-шахс барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (иҷозатномаи зист) дошта бошад.

Моддаи 9. Оқибати рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан

1.Дар сурате, ки агар бақайдгирии дархости шахси паноҳҷўянда дар хусуси гуреза донистани ў бинобар мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур рад шуда бошад, мақомоти корҳои дохилӣ дар мўҳлати на дертар аз панҷ рўзи корӣ пас аз рўзи қабули қарор огоҳиномаро бо нишон додани сабабҳои рад ва тартиби шикоят намудани қарори қабулшуда, инчунин оид ба шарҳи вазъи ҳуқуқии ў ва аъзои оилааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў месупорад ё ирсол менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

2.Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амнияти миллиро дар хусуси қабули қарори ниҳоӣ дар бораи рад намудани бақайдгирии дархости шахс дар хусуси гуреза донистани ў дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор менамояд. Ҳамзамон ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ин шахс додани раводиди хуруҷ ба мўҳлате, ки барои шикоят намудан аз болои қарор дар хусуси рад намудани бақайдгирии дархости ў дар хусуси гуреза донистан вақт медиҳад, дархост менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

3.Шахсе, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар хусуси гуреза дониста шуданаш дархост намудааст ва дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост огоҳинома гирифтааст, вале ҳуқуқи шикоят аз болои ин қарорро мутобиқи Қонуни мазкур истифода набурдааст ва дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз рўзи гирифтани огоҳинома дар хусуси рад гардидани дархосташ, якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсоне, ки дархост дар хусуси гуреза дониста шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст

1.Шахси паноҳҷўянда, ки дархости ў дар хусуси гуреза донистан ба қайд гирифта шудааст, инчунин аъзои оилааш, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд, ҳуқуқҳои зерин доранд:

-гирифтани иттилоот оид ба тартиби гуреза донистани онҳо ва оид ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ мувофиқи Қонуни мазкур;

-истиқомат дар давраи баррасии дархост дар маҳалҳои сукунати муваққатӣ бо роҳхати мақомоти корҳои дохилӣ ё сокиншавии мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ вашахси бешаҳрвандидар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тиббӣ;

-гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёна;

-гирифтани ҷубронпулӣ бо тартиб ва андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

-пешниҳоди ариза дар хусуси қатъи баррасии дархост.

2.Шахси паноҳҷўянда, ки дархости ў дар хусуси гуреза донистан ба қайд гирифта шудааст, инчунин аъзои оилааш, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд, ўҳдадоранд:

-талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-дар мўҳлати на дертар аз 72 соат пас аз гирифтани роҳхат барои истиқомат ба маҳалли сукунати муваққатӣ равон шаванд ва пас аз расидан дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ бо пешниҳоди ҳуҷчатҳои шахсӣ аз қайд гузаранд;

-тартиби муқарраргардидаи истиқоматро риоя намоянд ва талаботи муқарраргардидаи меъёрҳои санитарию гигиении истиқомат дар маҳалли сукунати муваққатиро иҷро кунанд;

-тибқи тартибе, ки мақомоти тандурустӣ муайян менамояд, фавран аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд;

-ба мақомоти муҳоҷират маълумоти саҳеҳро барои қабули қарор дар асоси дархост пешниҳод намоянд;

-аз тағйироти маълумотҳои анкетавӣ ва маҳалли истиқомат ба мақомоти муҳоҷират хабар диҳанд.

Моддаи 11. Тартиби гуреза донистани шахсони паноҳҷўянда

1.Баррасии дархост дар хусуси гуреза донистани шахси паноҳҷўянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби зерини муқарраршуда сурат мегирад: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-муайян намудани натиҷаи маълумотҳои анкетавии шахси паноҳҷўянда дар асоси доир намудани сўҳбатҳои инфиродӣ;

-дурустии маълумоти бадастомада дар бораи шахси паноҳҷўянда ва аъзои оилааш, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд;

-сабабҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан;

-мазмуни ҳуҷчатҳои пешниҳодшуда;

-баёноти ба тариқи расмӣ таҳияшуда, агар онҳо мавҷуд бошанд;

-дигар ҳуҷчатҳо.

2.Дархости гуреза донистани шахс дар мўҳлати на дертар аз се моҳи пас аз ба қайд гирифта шудани он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ карда мешавад. Мўҳлати амали бақайдгирӣ низ ба ҳамин муддат дароз карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

3.Мўҳлати баррасии дархост дар сурати мавҷуд будани мушкилот дар муайян намудани асоснокии хавфи таҳти таъқиб қарор гирифтани аризадиҳанда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст, дароз карда шавад, вале на бештар аз 3 моҳи пас аз ба қайд гирифта шудани дархост дар хусуси гуреза донистан. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

4.Расмиёти гуреза донистан метавонад дар ҳар марҳила боздошта шавад, агар дар ҷараёни баррасии дархост маълум гардад, ки шахс дидаю дониста дар бораи худ маълумоти бардурўғ пешниҳод намудааст ё кирдоре содир намудааст, ки амнияти давлати истиқоматро таҳти хатар мегузорад ё тартиботи ҷамъиятиро халалдор месозад.

5.Қарор дар бораи гуреза донистан ё дар хусуси рад намудани гуреза донистан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси хулосаи Комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза, ки бо назардошти расмиёти анчомдодаи баррасии дархост ва ҳуҷҷатҳои парвандаи шахсони паноҳҷўянда пешниҳод гардидааст, қабул карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

6.Ба шахси паноҳҷўяндаи гуреза донисташуда, ки ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст, мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи Дастурамали шаҳодатномаи гуреза, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, шаҳодатномаи намунааш муқарраргардида медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

7.Ҳамчунин ба шахси гуреза донисташудаи ба синни шонздаҳсолагӣ расидае, ки бе ҳамроҳии намояндаи қонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мақомоти васоят ва парасторӣ метавонад шаҳодатнома супурда шавад.

8.Шаҳодатнома дар баробари пешниҳодоти мақомоти корҳои дохилӣ барои гирифтани иҷозати зист ба мўҳлати гуреза донистани шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў асос мебошад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

9.Шахси паноҳҷўянда ба мўҳлати то се сол гуреза дониста мешавад. Дар сурати дар давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) ў боқӣ мондани ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи дучори таъқиб гаштан, мўҳлати гуреза донистан ва мўҳлати бақайдгирӣ ба ин шахс аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳар дафъа ба мўҳлати 3 соли минбаъда дароз карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

10.Дар сурате, ки агар гуреза донистани шахс рад гардида бошад, мақомоти корҳои дохилӣ дар мўҳлати се рўзи корӣ пас аз рўзи қабули қарор дар бораи рад гардидан ба ин шахс ва ба маҳалли истиқоматаш огоҳномаро бо нишон додани сабабҳои рад гардидан ва тартиби шикоят намудан аз қабули қарор, инчунин шарҳи вазъи ҳуқуқии ў ва аъзои оилааш месупорад ё ирсол менамояд.

11. Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қабули қарори ниҳоӣ дар хусуси рад намудани гуреза донистани шахс хабардор сохта, онро аз қайд мебарорад ва ба вай ва ба аъзои оилааш барои додани раводиди хуруҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

12.Шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар бораи рад гардидани гуреза донистан огоҳинома гирифтааст, дар сурати надоштани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар хусуси рад гардидани дархосташ якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд.

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси гуреза донисташуда

1.Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў, ки ҳамроҳаш омадаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:

-гирифтани иттилоот дар бораи ҳукуқ ва ўҳдадориҳои худ, инчунин иттилооти дигар мувофиқи Қонуни мазкур;

-истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гуреза будан дар маҳалҳои аҳолинишине, ки номгўи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардааст;

-интихоби маҳалли аҳолинишин барои сокиншавии мустақилона, ки мақомоти корҳои дохилӣ тибқи шартномаҳои иҷораи истиқоматгоҳ дар асоси шаҳодатномаи гуреза пешниҳод мекунад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-сокиншавии мустақилона дар оилаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-гирифтани роҳхат аз мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ барои сокиншавии муваққатӣ мутобиқи Низомномаи истиқомати гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, агар сокиншавии мустақилона ғайриимкон бошад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-иштирок дар барномаҳои ҳамгироие, ки мақомоти корҳои дохилӣ таҳия менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-ёрии тиббӣ, таъминшавӣ бо кор, кор дар асоси кироя ё фаъолияти соҳибкорӣ, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар тартиби дигар муқаррар нашуда бошад;

-гирифтани тањсилоти ибтидоӣ ва миёна; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-кўмаки мақомоти корҳои дохилӣ дар дарёфти маълумот дар бораи хешовандоне, ки дар давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) шахси гуреза истиқомат мекунанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади ёрӣ расондан ба ў ва аъзои оилааш дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рафтуомад барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-аз мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат мувофиқи тартиби муқарраргардида гирифтани иҷозати зист ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор;

-бо ариза муроҷиат намудан дар хусуси додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳое, ки ба мақоми гуреза вобастагӣ надоранд ё мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ба мақоми шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ихтиёран баргаштан ба давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) худ;

-рафтан ба давлати дигар барои истиқомат;

-гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кўмак тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

-истифода аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда пешбинӣ намудааст.

2.Шахси гуреза донисташуда ва аъзои оилаи ў, ки ўро ҳамроҳӣ мекунанд, ўҳдадоранд:

-талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.12с.№ 919)

-ҳангоми сокиншавии мустақилона дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ пас аз гирифтани шаҳодатнома дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат аз қайд гузаранд;

-пас аз гирифтани роҳхат барои сукунати муваққатӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ дар мўҳлати на дертар аз се рўз ба маҳалли аҳолинишини нишондодашуда омада, баъди расидан дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ аз кайд гузаранд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дар мўҳлати на дертар аз як ҳафтаи корӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар хусуси тағйири ному насаб, ҳайати оила, вазъияти оилавӣ, дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар давлат ва дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-аз мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кўчида рафтан берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилиро хабардор намоянд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

– дар сурати иваз намудани ҷойи истиқомат аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ бароянд ва дар давоми се рўзи корӣ пас аз расидан ба маҳалли нави истиқомат дар мақомоти корҳои дохилии он маҳал аз қайд гузаранд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дар мўҳлатҳое, ки мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар менамояд, ҳар сол аз нав аз қайд гузаранд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

-дигар ўҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда пешбинӣ намудаанд, иҷро кунанд.

Моддаи 13. Аз даст додани мақоми гуреза ва маҳрум намудан аз мақоми гуреза

1.Шахс дар ҳолатҳои зерин мақоми гурезаро аз даст медиҳад, агар:

-барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифта бошад;

-шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлатро соҳиб шуда бошад;

-барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта бошад;

-аз ҳимояи давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо сабабҳое, ки ў гуреза дониста шуда буд, даст кашида натавонад, агар ин сабабҳо дигар вуҷуд надошта бошанд.

2.Шахс дар ҳолатҳои зерин аз мақоми гуреза маҳрум карда мешавад, агар :

-дидаю дониста маълумоти бардурўғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакие пешниҳод намуда бошад, ки барои гуреза донистани ў асос шуда бошанд;

-ба амнияти миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд.

3.Қарор дар бораи мақоми гурезаро аз даст додан ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намуданро мақомоти корҳои дохилӣ бо пешниҳоди мақомоти идораи давлатие, ки дар Қонуни мазкур муайян гардида аст, қабул менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

4.Огоҳинома дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намуданро бо нишон додани сабабҳои қабули қарор дар ин бора ва тартиби шикоят нисбати қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар мўҳлати на дертар аз 3 рўзи корӣ пас аз қабули қарор ба ин шахс супурда ё ирсол карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

5.Мақомоти корҳои дохилӣ мақомоти дахлдорро аз қарори қабулгардида дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудани шахс хабардор намуда, онро аз қайд мебарорад, ҳамзамон дар хусуси ба расмият даровардани раводиди хуруҷи ў ва аъзои оилааш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

6.Дар сурати аз даст додани мақоми гуреза ё маҳрум гардидан аз ин мақом, шаҳодатнома ба мақомоти корҳои дохилӣ супурда шуда, он беэътибор дониста мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

7.Шахсе, ки бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва дуюми ҳамин модда мақоми гурезаро аз даст додааст ё аз мақоми гуреза маҳрум гардидааст ва ҳуқуқи пешниҳод намудани даъворо нисбати ин қарор мутобиқи Қонуни мазкур истифода намекунад, инчунин барои сукунат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар асосҳои қонунӣ надорад, ўҳдадор аст дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар хусуси мақоми гурезаро аз даст додан ё дар бораи аз мақоми гуреза маҳрум намудан якҷоя бо аъзои оилаи худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд.

8.Шахсе, ки бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва дуюми ҳамин модда мақоми гурезаро аз даст додааст ё аз мақоми гуреза маҳрум гаштааст ва аъзои оилаи ў баъд аз қарори ниҳоӣ ҳуқуқи истифодаи истиқоматгоҳеро, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истиқомати муваққатӣ пешниҳод намудаанд, аз даст медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

Моддаи 14. Кафолатҳои ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда ва гуреза донисташуда

1.Шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, гуреза дониста шудаанд, мақоми гурезаро аз даст додаанд ё аз мақоми гуреза маҳрум карда шудаанд, хилофи иродаи онҳо ба қаламрави давлате, ки дар он ба ҳаёт ё озодии онҳо бинобар нишонаҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсӣ хатари таъқиб таҳдид мекунад, баргардонида намешаванд.

2.Муқаррароти дар банди якуми ҳамин модда нишондодашуда ба гурезаҳое, ки бо асосҳои муайян сабаби хавфи бехатарии давлате, ки дар ҳудуди он мебошанд, шуда метавонанд ё маҳкумшудагоне, ки мувофиқи ҳукм ба гурўҳи содиркунандагони ҷинояти махсусан вазнин дохил шуда, барои давлат хатари умумӣ доранд, татбиқ карда намешавад.

3.Маълумот дар бораи шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд, ё ин ки гуреза дониста шудаанд, ба мақомоти ҳокимият ва ташкилотҳои ҷамъиятии давлати мансубияти шаҳрвандии (маҳалли истиқомати пештараи) онҳо бе розигии хаттии ин шахсон пешниҳод карда намешавад.

4.Нисбати қарор ва амалҳои (беамалии) мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони мансабдор вобаста ба иҷрои Қонуни мазкур ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят пешниҳод намудан мумкин аст.

5.Мўҳлати пешниҳоди шикоят аз рўзи гирифтани огоҳинома дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар хусуси аз даст додани мақоми гуреза, дар бораи маҳрум гардидан аз мақоми гуреза ба мақомоти болоӣ ё ба суд набояд аз як моҳ зиёд бошад. Шикоят ба мақомоти болоӣ шикояти судиро истисно намегардонад. Дар сурати шикоят ба мақомоти болоӣ баъди гузаштани мўҳлати на дертар аз як моҳ агар шахс ҷавоб нагирифта бошад ё ҷавоби рад гирифта бошад, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

6.То қабули қарор тибқи шикоят шахси шикоят пешниҳоднамуда ва аъзои оилаи ў дорои ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур мебошанд. Зимнан шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан ё шаҳодатномаи гуреза ба мўҳлати қабули қарор аз ҷониби мақомоти болоӣ ё суд дароз карда мешавад. Ҳамзамон мўҳлати бақайдгирии шахс ва иҷозати зист дар мақомоти корҳои дохилӣ дароз карда мешавад.

7.Шахсе, ки дар бораи рад гардидани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан, дар бораи рад гардидани гуреза донистан, дар бораи аз даст додани мақоми гуреза ё дар бораи маҳрум гардидан аз мақоми гуреза мувофиқи Қонуни мазкур огоҳинома гирифтааст ва ҳуқуқи пешниҳод намудани шикоятро нисбати ин қарор мутобиқи ҳамин модда истифода намудааст, ўҳдадор аст Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя бо аъзои оилаи худ дар мўҳлати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома дар бораи рад гардидани шикоят, дар сурати набудани дигар асосҳои қонунӣ барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарк намояд.

Моддаи 15. Сокин намудани шахсони паноҳҷўянда ва гуреза донисташуда

1.Шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза донистан дархост пешниҳод намудаанд ва барои мустақилона сокин шудан имконият надоранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ, ки дархостро ба қайд гирифтааст, сокин карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

2.Барои сокиншавии шахсоне, ки дар хусуси гуреза донистан дархост намудаанд, метавонанд ҷойҳои сукунати муваққатии (марказҳои) гурезаҳо таъсис дода шаванд. Ин ҷойҳо бо пешниҳоди мақомоти корҳои дохилӣ ва бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №590).

3.Шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд ва имконияти мустақилона сокин шудан надоранд, мутобиқи квотаҳои қабули гурезаҳо барои ҳар як вилоят ва ноҳияи ҷумҳурӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол муқаррар менамояд, тақсим карда мешаванд.

4.Истиқоматгоҳ барои сукунати муваққатии шахсоне, ки гуреза дониста шудаанд, аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ноҳияҳо тибқи квотаҳои муқарраргардида дар асоси шартномаи иҷора, ки бо ин гуна шахсон баста мешаванд, барои мўҳлати гуреза будани онҳо пешниҳод карда мешавад.

5.Қарор дар бораи ба шахси гуреза донисташуда додани истиқоматгоҳ барои сукунати муваққатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии муҳоҷират мувофиқи тартибе, ки тибқи Низомномаи истиқомати гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад.

6.Дар сурати ба таври оммавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахсони паноҳҷўянда, ки дар хусуси гуреза дониста шудан бинобар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун дархост пешниҳод кардаанд, сокин намудани ин шахсон ва шароити нигоҳдории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 16. Маблағгузори вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур

Маблағгузорӣ оид ба қабул, расонидани кўмак ба шахсони паноҳҷўянда, гуреза ва аъзои оилаи онҳо ва инчунин хароҷоти вобаста ба хориҷ кардани онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди рад гардидани дархости гуреза донистани онҳо, аз даст додани мақоми гуреза, маҳрум гардидан аз мақоми гуреза ва аъзои оилаи онҳо тибқи тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз созмонҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои (созишномаҳои) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда ворид мегарданд ва хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

Моддаи 17. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гурезаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои гурезаҳо ҳамкорӣ менамояд.

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои вайрон намудани Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи гурезаҳо» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №15-16, мод.243; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117; с. 2001, № 4, мод. 182) аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002,

№ 50

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи гурезаҳо» ва мавриди амал қарор додани он

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қисми 1, мод. 308)

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» мутобиқ гардонад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 13 феврали соли 2002,

№533

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қ- 1, мод. 307)

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи гурезаҳо» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 23 апрели соли 2002,

№262

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо