Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардидааст, ки ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ, асосан Осиёи Марказӣ равона шудааст. Масалан паймони худсохти наҳзати – “Паймони миллӣ” тибқи идеологияи тундгароии динӣ амал карда, давоми даҳсолаи охир фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз он ҷиҳати сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ кӯшиш намуда истодааст. Диққати асосии тарғиботи онҳо ба бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеаи имрӯзаи мо равона карда шудааст.
Чунончи роҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони миллӣ” дар давоми моҳи октябри соли равон, аз ҷумла Муҳҳаммадиқболи Садриддин ҳафтае ду маротиба дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби пайравонаш бо навбат баромад намуда, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд.
Зимни баромадҳои ифротиашон тавре мебинем, хоинон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта, мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд ва Тоҷикистони воҳидро дубора пора-пора созанд. Онҳо имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост.
Бадхоҳони миллат бехабаранд, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90- ум аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Хулоса, гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии хоинони миллат аён аст! Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосон мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд. Имрӯз қариб 10 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон шукронаи ин Ватани ободу шукуфо мекунанд.
Натиҷаи азхудгузаштанҳо, заҳматқариниву синасипаркарданҳо ва ҷасорату бунёдкориҳои роҳбараш буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар домани паҳновари Осиё ҳамчун нигини саодату сарбаландӣ ва ободию фаровонӣ шуълавар гардид ва бар дилу дидаҳо гармиву рӯшноӣ бахшид. Бо дидани ин ҳама воқеияти зиндагӣ ҳар соҳиби дидаи бино ва ҳар нафари дилогоҳ бо шукрона аз неъмати бебаҳои озодӣ барои ободию шукфоӣ талош меварзад. Муқаддастарин сарзамин-Ватани худро дуст медорад.
Аз ифтихори соҳибватанию соҳибдавлатӣ то фалак сар мефарозаду меболад. Меболад, ки ӯ ба Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба ӯ тааллуқ дорад. Меболад, ки агар дар анбӯҳи миллионҳо сайёраву ситора Замин нигини коинот бошад, Тоҷикистон-Ватани азизи ӯ гӯшае аз биҳишт дар ин сайёраи зебост…
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират