Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд бо кормандони стаматологияи бачагонаи шаҳр баргузор гардид.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёде гурӯҳҳои террористӣ ташкил гардида, мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагардида ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар вохӯрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмудов Ҳотам, баромад намуда қайд кард, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 5 боб ва 195 банд иборат мебошад. Ин қонун ба ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии коррупсия; истифодаи мақом ё имконияти он; ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд; субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор; шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробар карда шудаанд, вазифаҳои давлатӣ истифода бурда шудааст.
Ҳамзамон мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд Имомҳасан Тураев баромад намуда, оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муваққатӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва муқовимат ба савдои одамон дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд