Кормандони бахши робита бо ҷомеа якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- и Хадамоти муҳоҷират корҳои иттилоотӣ-маърифатиро бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Чунин як вохӯрӣ 31 январи соли равон баргузор гардид, ки дар он оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла будубош дар ин кишвар, тарзи гирифтани Патент, иҷозаи кор, қайди муваққатӣ, инчунин, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтуомадашон ба қаламрави кишвари Россия манъ гардидаасту хоҳиши дар НБО Роғун кор карданро доранд, ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тавсия дода шуданд.
Ҳамзамон шаҳрвандони мамлакат ба баромадкунандагон дар бораи чӣ тавр ба даст овардани Сертификати забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия саволҳо дода шуда ба ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баромадкунандагон бори дигар таъкид намуданд, ки пеш аз сафар ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд огоҳ бошад, ки тибқи қонунгузории давлати зикргардида барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани Патент мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ муқаррар шудааст, ва аз ҳар яки онҳо масъулияти баланд талаб менамояд ва баъд аз гирифтани Патент онҳо вазифадоранд, саривақт маблағи онро супорида, фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.
Барои гирифтани Патент дар мудати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия Шумо шахсан ё тавассути созмони субъекти ваколатдори кишвари зикргардида ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилаи ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират пешниҳод мекунед:
1.Ариза дар бораи гирифтани Патент.
2.Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҷониби Федератсияи Россия эътирофшуда.
3.Корти муҳоҷират бо нишон додани «кор» ҳамчун мақсади сафар ба Федератсияи Россия ва қайди мақомоти назорати сарҳадӣ дар бораи вуруд ба он кишвар, қайди мақомоти ҳудудии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилаи ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар бораи додани корти муҳоҷиратии мазкур.
4.Ба мӯҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ шартномаи (полиси) суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия эътибор дошта ё шартнома дар бораи расонидани хизмати пулакии тиббӣ, ки бо созмони тиббии дар субъекти Федератсияи Россия ҷойгиршуда, ки дар ҳудуди он шаҳрванди хориҷӣ мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро дорад, баста шудааст.
5.Ҳуҷҷатҳои тасдиқунандаи надоштани бемориҳои нашъмандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, ки барои атрофиён хатарнок буда, дар рӯйхати аз ҷониби мақомоти федералии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ шудааст, инчунин шаҳодатнома (сертификат) – и надоштани беморие, ки боиси сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ) мегардад ва онро созмони тиббии дар ҳудуди давлати мазкур қарордошта додааст.
6.Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, таърихи кишвари Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар.
7.Дар сурати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда пас аз гузаштани (30) сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи вуруд ба Федератсияи Россия: ҳуҷҷати тасдқкунанда, пардохти ҷарима барои вайрон кардани мӯҳлати муроҷиат ҷиҳати ба расмият даровардани Патент.
8.Ҳуҷҷатҳо дар бораи бақайдгирии муҳоҷират дар ҷойи иқомат.
Ғайр аз ин, дар суҳбат ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки дар МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дарси омӯзишӣ забони кореягӣ оғоз гардид.
Айни замон шаҳрвандони номнавис шуда аз забони кореягӣ дарс меомӯзанд. Бояд қайд кард, ки омӯзгорон аз Марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе даъват шудаанд.
Дарс дар як ҳафта ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории ин дарсҳо пеш аз ҳама шаҳрвандони мо бояд забони кореягиро дар сатҳи муошират омӯзанд, инчунин омода намудани онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи: кӯчаи Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷират Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 225-08-33; 225-05-75;
Дар рафти мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ дастрас гардонида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират