20 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамот дарси омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023–2028” ва “Нақшаи амали солҳои 2023 2025-и Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023 2028” баргузор гардид.
Дар он Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ назди Ҳукумати ҶТ подполковник Ҷураев Фаридун, сардори шуъбаи эвакуационии Сараёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ подполковник Дилшодов Шуҳрат ва Холов Ҷалол афсари калони шуъбаи таълимӣ – методии Маркази ҷумҳуриявӣ таълими методӣ КҲФ иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромад Ҷураев Фаридун ва Дилшодов Шуҳрат махсус қайд карданд, ки барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028 (минбаъд – Барнома) дар асоси афзалиятҳои калидӣ ва ҳадафҳои мақсадноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №602 тасдиқ шудааст (минбаъд – Стратегияи миллӣ), бо дарназардошти муносибатҳои нави Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015–2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030, ки ба гузаронидани таваҷҷуҳ аз идоракунии офатҳои табиӣ ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани нақши омили гендерӣ ва ҳамгироӣ ба сиёсати ширкати бахши хусусӣ равона гаштаанд, таҳия карда шудааст.
Барнома мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои давраи миёнамуҳлат то соли 2028 муайян менамояд. Нақшаи амали Барнома барои давраи солҳои 2023–2025 ва 2026–2028 ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, воситаҳои ниҳодӣ, таҳияи муносибатҳои нави методологӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, эҷоди тамсилаи мониторинг ва арзёбӣ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ имконияти заминаи мустаҳкам гузоштанро доранд, равона карда шудааст.
Таваҷҷуҳи афзалиятнок дар давраи миёнамуҳлат ба тақвияти тадбирҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо, осебпазирӣ ва афзоиши иқтидори аҳолӣ, таҳкими воситаҳои миллӣ дар шароити ҳамгиросозии масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, гузаронидани санҷиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорисозии методология ва воситаҳои аз назари илмӣ асоснок барои ба ҳисоб гирифтани маълумоти ҷудошуда оид ба талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯйи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи он ва иттилооти дигари оморӣ, мукаммалгардонии тамсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, амалиёти ба пешгирӣ ва омодагӣ ба эътиногирӣ ба ҳолатҳои фавқулода нигаронида, ки дар натиҷаи на танҳо офатҳои табиӣ, балки дар натиҷаи эпидемияҳо ва пандемияҳо, омилҳои номусоиди иқтисодӣ ва ғайра ба амал меоянд, равона карда мешавад, – афзуданд онҳо.
Мақсади Барнома таҳкиму вусъати иқтидори миллӣ оид ба паст кардани хавфи мавҷудаи офатҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани бавуҷудоии хавфҳои нави офатҳои табиӣ мебошад.
Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикони рушд амалисозии Барномаро таъмин мекунад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират