Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ оид ба зарурати дарки коррупсия, муқовимат бар он ва ҷалби тамоми мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин ҷода таъкид медоранд, ки ин дастури раҳнамосоз ба ин самт равона шуда, он сармашқи кори ҳамагон шудааст.
Воқеан, барои босамар ташкил намудани кори муқовимат ба коррупсия муайян намудани омилҳои субъектӣ, ки ба талаботи ҷисмониву рӯҳии инсон вобаста аст, ӯро ба содир намудани ин амали номатлуб водор мекунад, ниҳоӣ арзёбӣ мешавад.
Бо чунин андеша, дар мақола диққати хонандаро ба муқовимат бо коррупсия, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ бо кӯшиши матраҳ намудани масъалаи риояи ҳадди эътидол дар туғёни хоҳиши одам ба молу сарват чун нишонаи камолоти маънавии инсон ҷалб менамоем.
Коррупсия зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ буда, вай аз қадим баробари пайдоиши давлат ба миён омадааст.
Соҳибдавлат будан маънои доштани озодиву истиқлолияти халқро дар назар дорад.
Мо, халқи тоҷик, намояндагон, мақомоти давлатӣ, ашхоси мансабдори он ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ озоду мустақил ва босалоҳият баромад намуда, имкон дорем, ки манфиатҳои башариву миллиамонро ҳифз кунем.
Гузашта аз ин, оинаи зиндагиамонро дар асоси маданияти ниҳоят бою ғании ниёгонамон мустақилона интихоб намуда, мафкураву маънавиёт ва дину эътиқоди худро муайян менамоем.
Давлат ҳамчун дастоварди инсоният дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои зиёд ба даст меояд.
Дар рӯҳияи шукру қаноатмандӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо қатъият таъкид мекунанд, ки “Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!”.
Давлату давлатдорӣ баробари муҳайё намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста боз мушкилоту муаммоҳое, ба мисли коррупсияро дорад, ки ба вуқӯъ пайвастани он сабабҳои худро дошта, муқовимат накардан ба он, ба мисли чораҷӯӣ накардан нисбат ба касалиҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, давлатро сусту заиф ва фалаҷ мегардонад.
Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, заиф шудани пояҳои ахлоқи ҷомеа мегардад.
Агар, мо ба масъалаи коррупсия (фасод), муқовимат ба онро чуқуртар муносибат намоем, ногузир ба фалсафаи робитаи инсон бо дунёи ҷисму рӯҳ, масъалаву муаммоҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешавем.
Чунки коррупсияву вайронкорӣ, пеш аз ҳама, ба нафсу ғараз ва қудрату давлатмандӣ алоқаманд буда, равони ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс дар он муҳим аст.
Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони мансабдор ва сарватманд таъкид мекунанд, ки зиёдаравӣ накунанд, зеро дар зери ин мафҳум як ҷаҳон маънӣ ифода мегардад.
Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххасу зарурӣ барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимои, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дода мешавад, ки дар натиҷаи амалигардонии онҳо дар ҳаёти давлатӣ – ҳуқуқӣ ва тамоми бахшҳои хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллан ҷадид ва чашмрас ба амал омада, онҳо дар ҳамбастагӣ боиси афзудан ва боло рафтани шароити иҷтимоию иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ халқи Тоҷикистон мегарданд.
Паёми Пешвои миллат дар ҳақиқат дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон ҳуҷҷати тақдирсоз маҳсуб меёбад ва ҳамаи мо бояд аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, саҳмгузор бошем.
Мухамедҷонова Парвина,
мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират