Ба ҳамагон маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар ин замина хотиррасон менамоем, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд такя ба волоияти қонун намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал гузошта, нагузоранд, ки амалҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия ва фаъолияти хусусияти коррупсионидошта ба кишвари азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо таъсири манфии худро расонад.
Дар ин асно, санаи 27-уми феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Ҷамоати шаҳраки Такоби ноҳия таҳти Раёсати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳия Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, намояндагони КИ ҲХДТ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд, ки теътоди иштирокчиён 107 нафарро дар бар мегирад.
Сараввал, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: «Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.
Дар ин мубориза тамоми ҷомеа низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Баъдан Хоҷазода Фарзона Ҳамдам қайд намуданд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки «Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Дар ин замина, Хоҷазода Фарзона Ҳамдам дар хусуси амру фармонҳои қабулгардида оид ба масъалаи болозикр ва пешгирӣ аз равандҳои коррупсионӣ, вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия мушаххасан маълумот доданд.
Сипас, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин баромад намуда, зимни баромади хеш оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии он, дар бораи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо, сӯистифода аз мансабҳои давлатӣ, дар хусуси раванди давлатсозӣ ва саҳми шахсиятҳои алоҳида ва ҳар фард ҷиҳати ободии мамлакат, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбати озод ва судманд намуданд.
Ҳамчунин, қайд намуданд, ки терроризм ҳамчун як беморӣ имрӯз гирифторони худро аз миёни ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳ дарёфта, онҳоро ба доми фиреби худ мекашад.
Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб кори як, ду ё якчанд нафар нест. Алайҳи терроризм, экстремизм ва бегонапарастӣ танҳо дар ҳолате ҷомеа дастболо мешавад, ки муборизаи дастаҷамъона бурда тавонад.
Дар баробари ин, Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин дар баромади худ қайд намуданд, ки моро зарур аст, ки ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.
Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем.
Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Инчунин, Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин дар баромади худ иброз намуданд, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб