Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ вобаста ба иҷрои нақша – чорабиниҳо ва ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ- маърифатӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории БПНМ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, одамрабоӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монд.
Нахуст дар вохӯри мудири бахш Б. Ғайбуллоев аз вазъи ба вуҷуд омадаи ҷаҳони имрӯза нигаронӣ намуда, ба самъи ҷамъомадагон мақсади вохӯрӣ, ҳолатҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст нашудани ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ба бемории БПМН гирифтор нашудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маърӯза намуд.
Ҳамзамон иброз намуд, ки қисме аз муҳоҷирон аз надоштани саводи кофӣ ва надонистани қонунҳои будубоши кишварҳои қабулкунанда ба доми фиреби шахсони севум афтода ҳамроҳ ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мегарданд.
Ҳар як нафар ҷавон агар дорои саводи диниву дунявӣ дошта бошад, забонҳои хориҷиро донад ба доми афродони халалрасони ҷомеъа намеафтанд.
Аз ҳамаи нафарон хоҳиш ба фарзандону наберагон, ба рафти таҳсили онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, аз фаъолияти меҳнатии фарзандонатон дар хориҷи кишвар доим хабардор бошед, ҳеҷ гоҳ ҷавононро бе назорат нагузоред.
Масъалаи дигар бошад ин солҳои охир зиёд ба қайд гирифта шудани бемориҳои БПНМ ва СПИД мебошад, ки сабабҳои асосии пайдошвии он ин асосан беаҳамият будан ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардан мебошад.
Ҳар яки моро лозим меояд, дар пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, тарбияи дурусти насли наврас, махсусан ҷавонон ҳиссагузор бошем, то ояндаи ин давлату миллат танҳо дар дасти ҷавононанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ.