Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро ба таҳлука овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад.
Зеро ин гурӯҳҳо ҳамеша аз пайи он мекӯшанд, ки ҷавононро ба ин ҳаракатҳои ифротӣ дохил намуда, онҳоро гумроҳ созанд.
Ҳар як шаҳрванди кишвар, ҷавонони бонангу номус ва ватандӯстро лозим аст, бо амалҳои неки худ собит созанд, ки фарзанди шоистаи диёранд.
Бале, имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд.
Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад.
Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилоти махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият мебаранд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд ва ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ гарданд.
Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадааст.
Чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд.
Мегӯянд, ки террорист на ватан дораду на миллат. Барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст.
Имрӯз ҳар як ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон баранд.
Инчунин, барои ҳифзи як порчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳми худро гузоранд.
Зеро ин ободию осоиштагӣ ва ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Туйчиева Латофат,
нозир-коргузори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират