Кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни кишвари Россия сафар доранд, вохӯриву мулоқотҳо намуда, оид ба вазъи муҳоҷират ва қонунгузории нави ин кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Тавре мутахассиси пешбари Бахш Зарипов Раҳматулло иброз дошт, қариб ҳаррӯз тавассути Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар садҳо нафар ҷавонони сину соли гуногун барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари қабулкунанда Федератсияи Россия равонаанд, суҳбатҳо гузаронида, оид ба қонунгузории нави Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла тарзи гирифтани патент, омода намудани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои муҳоҷират пурсон мешаванд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Тибқи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли ҷорӣ он шаҳрвандоне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба давлати қабулкунанда сафар менамоянд, ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ, сатҳи забондонӣ ва малакаи касбии онҳо мутобиқат намекунанд ва онҳоро зарур меояд, ки сатҳи забондонӣ ва малакаи касбияшонро дар сатҳи талаботи бозори ҷаҳонӣ баланд бардошта, баъд азми сафар намоянд, то ки барои худ ва давлати маҳбубамон Тоҷикистон хатари нав эҷод насозанд.
Зарипов Раҳматулло қайд намуд, ки имрӯзҳо аксарияти шаҳрвандони мо орзӯи ба Федератсияи Россия барои пайдо намудани кори мувофиқ талош менамоянд, аммо онҳо андеша намекунанд, ки дар ин кишвар рӯз то рӯз кору фаъолият намудан дучанд мушкил гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз бозори ҷаҳонӣ танҳо ба муҳоҷирони касбу ҳунар дошта эҳтиёҷ дорад. Вақти он расидааст, ки ҳар як фарди муҳоҷир, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунад, инро дарк намояд ва падару модари онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд. Айни замон дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия танҳо ба кор ҳамон шахсонеро қабул менамоянд, ки касбу ҳунар доранд. Шахсоне, ки ягон касб надоранд, сарсону саргардон аз шашмоҳ то як сол бекоргашта, аъзои оилаи худро баташвиш мегузоранд.
Аз ин лиҳоз, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар иттилло медиҳанд, ки ҳар як фарди тоҷике, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, пеш аз сафар ҳатман ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муроҷиат намоянд. Дар сафар дар даст аз буклетҳои омода кардаи Хадамоти муҳоҷират дар бораи қонунгузории нави Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дошта бошанд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд аз ташхиси тиббӣ гузашта бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста, патент гиранд ва оромона кору фаъолият намоянд.
Ҳамзамон ба диққати шаҳрвандон расониданием, ки шахсоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия парвоз мекунанд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд:
- Барои чӣ ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?)
- Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға?
- Ҷои тасдиқи аниқ дошта бошед, дар ҷойи кор ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст?
Ҳама ҳуҷҷатҳо ва мусофирон бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд!
Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони сарҳадчиёни рус гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод кунанд.
Суҳбат бо забони русӣ амалӣ мегардад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар