Дар раванди тағйирёбии босуръати ҷомеаи муосир ва бархӯрди тамаддунҳо ҷиҳати ҳифзи манфиатҳо, густариши маърифати миллӣ ва рушди афкори худшиносӣ, ҷалби ҷавонони ватандӯст ва мағзҳои офарандаву созанда яке аз муҳимтарин масъалаҳои меҳварии давлатдории навин маҳсуб мешавад.
Дар вазъияти мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди мағзшӯӣ аз ҷониби мухолифони ҳар давлату миллат бештар миёни ҷавонон ба назар мерасад, ки оқибатҳои хатарнок дорад.
Дар таълимоти фалсафии Абулқосим Фирдавсӣ ба вежа, «Шоҳнома» андешаҳои ҷолиб оид ба масъалаҳои ҳаёту марг, моҳияти ҳастии инсон, мавқеи инсон дар олам, ҳаёти ҷамъиятӣ, адолати иҷтимоӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷамъият, нафрат ба ҷангу хунрезӣ, васфи сулҳу адолат, ёру диёр, забону фарҳанг, қаҳрамонону паҳлавонон, муҳаббат ба Ватан ва дигар масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, фалсафиву ахлоқӣ ва ҳуқуқии хешро инъикос карда бошад, ҳамзамон дар мазаммати ҷангу хунрезӣ, хиёнат ба Ватан ва ёру диёр, бегонапарастӣ, зулму истибдод, мағзшӯӣ кардани ҷавонон ва амсоли инҳо дида мешавад.
Дар замони муосир махсусан барои хоинони ҳар давлату миллат ҷавонон воситаи муҳиме барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнок маҳсуб мегарданд.
Хоинони Ватан дар фазои маҷозӣ маҳз бо ҷалб ва мағзшӯии ҷавонон машғуланд.
Имрӯзҳо аҳриманандешони асри навин бо ҳадафҳои муғризонаи худ як гурӯҳ хоинони ватану миллатро, ки ҳувияти милливу номусу нанги миллӣ надоранд, ба доми худ кашида, онҳоро баҳри амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ истифода менамоянд.
Дар ҷомеаи имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ва саркардагони он аз шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун воситаи мағзшӯии ҷавонон ба таври васеъ истифода менамоянд.
Чуноне, ки мо аз достони Заҳҳок дар “Шоҳнома” маълумот дорем, Аҳриман Заҳҳокро аз хурдияш мағзшӯӣ намуда, дар вуҷуди ӯ кину худхоҳӣ, ҷоҳталабиву таассубро парвариш намуда, писарро қотили падари худ намуд.
Дар замони муосир баъзе аҳриманҳое падид омадаанд, ки фарзандонро зидди падару модар, фарҳангу миллат, арзишҳои миллӣ ва давлату давлатдорӣ менамоянд, ки мехоҳанд “заҳҳокҳои асри нав”-ро ба вуҷуд оранд.
Ин ифротиён ҷавонони дур аз илму маърифат мондаро бо макру ҳила ва дурӯғпароканӣ, ба ифроту хурофот, ҷаҳлу таассуб, тафриқаандозиву тақлиднамоӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок ин масъаларо хеле хуб тасвир намудааст, ки шахси ифротӣ ва ба доми андешаҳои аҳриманӣ афтида қодир ба ҳар коре буда метавонад, хиёнат бар Ватан, миллат ва ҳатто, ба қатли падари худ аз рӯи таассуб, кинхоҳӣ, ҷаҳлу ҳасад, худписандиву худнамоӣ ва ғайраҳо мебошад.
Имрӯз хоинони ватан дур аз кишвар қарор гирифта, худро диндору ботақво, адолатпарвару ватандӯст нишон дода, ҷавонону наврасонро бо истифода аз дин ва ҳадисҳо мағзшӯӣ менамоянд.
Ин нохалафон манфиатҳои миллии ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст мезананд.
Онҳо нисбат ба дини Ислом кӯр-кӯрона муносибат намуда, динро ба манофеи шахсии худ бо истифода аз эҳсоси ҷавонон ба таври васеъ истифода менамоянд, ки ин барои ҳар миллати ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳ қобили қабул намебошад.
Яъне ин гуна барномаҳо ва баромадҳои чунин хоинон як кори бемаънӣ буда, танҳо барои роҳгум намудани мардум ва барои соҳиб гардидан ба даромади пулӣ нигаронида шудааст.
Яъне онҳо ба воситаи чунин барномаҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи чунин гурӯҳҳои террористӣ аз хоҷагони хориҷии худ маблағ мегиранд.
Ба назари мо, барои рафъи ҳама гуна хатар ва осебҳо аз ҷониби душманони миллат тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳия ва пахши барномаҳои вокунишӣ бо далелҳои илмӣ ва илмиву мантиқӣ аз ҷониби коршиносон, олимон, устодон ва умуман равшанфикрон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷойи иттилооти бегонаву барномаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мувофиқи матлаб мебошад.
Ҳамчунин, ташвиқи андешаҳои ватандӯстии ниёгони ватандӯстамон байни насли наврасу ҷавон саривақтӣ ва муҳим маҳсуб мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе