Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид.
Дар қонунгузории амалкунандаи кишвар мафҳуми коррупсия ба таври мушаххас дода шудааст, ки ҳолати мазкур аз лиҳози санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври дахлдор эътибори зарурӣ дода шуданро дар ин самт нишон медиҳад.
Албатта, барои дақиқан мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор додани масъалаҳо вобаста ба коррупсия бояд мо дар мадди аввал худи мафҳуми мазкурро ба таври пазируфташуда муайян намоем.
Дар баробари дигар хатарҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ коррупсия низ яке аз амалкардҳои хатарнок барои рушди маънавӣ ва моддии тамоми ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Аз ин хотир, бояд ба таври бетаъхирона нисбат ба решакан намудани ин раванди махсусияти манфидошта муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд.
Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид.
Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ, халалдор менамуд.
Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст.
Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.
Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилоти байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф шудааст.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Албатта, барои амалӣ гардонидани дилхоҳ тадбирҳо нисбат ба пешгирӣ, ошкор ва аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ бояд моҳият ва мақсади муқовимат бо коррупсияро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дод.
Бешубҳа, мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия дар маълумоти дарҷгардида ба таври равшан ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, барои куллан аз байн бурдани равандҳои коррупсионӣ дар байни аҳолӣ зарур шуморида мешавад, ки тамоми аҳли ҷомеа ва умуман ҳар як фарди алоҳида нисбат ба муқовимат бо коррупсия бояд бетарафӣ зоҳир накарда, фаъолияти самарабахшро роҳандозӣ намояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе