Дар шароити имрӯза, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Айни замон, яке аз масъала ва доғи рӯз, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инчунин ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Ин ду падидаи номатлуб дар замони муосир боиси ба вуҷуд омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё худ истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби худсаронаи ҳокимият ва ҳамзамон аз худ кардани ваколатҳои он, инчунин барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки аз нуқтаи назари илми ҳуқуқ терроризм ин содир намудани амалҳои ғаразноке мебошанд, ки ба одамон хатари маргро ба вуҷуд меоварад.
Хулоса, зӯроварӣ, зулм, ифротгароӣ, таассуб, таҳқир, паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат маҳкум мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсӣ ва иқтисодӣ ба масоили ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Тавре, ки сиёсатшиноси маъруф, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Абдураҳмон Маҳмадов дар асари худ “Сиёсатномаи мухтасари сиёсӣ” зикр кардаанд: “Терроризм ин зуҳуроти таърихиест, ки дар тӯли асрҳои зиёд ба унвони як хатар фоҷиабортарин рӯйдод шинохта шудааст”.
Ҳамзамон дар ҷойи дигар мавсуф чунин гуфтааст: “…терроризм ин падидаи иҷтимоию сиёсӣ буда, заминаҳои онро зиддиятҳои иҷтимоие ташкил менамоянд, ки дар худ амалҳои идеологию ифротгароиро барои гузаронидани амалҳои террористӣ доранд.
Ин як шакли амалии муборизаи сиёсиест, ки дар он усул ва шаклҳои маҷбуркуниро мавриди истифода қарор медиҳанд”.
Барои мисол, амалҳои террористӣ дар шаҳри Париж ба ҳалокати 129 – нафар ва маҷруҳ шудани наздик ба 400 нафар одамон гардида буд ва мардуми Фаронсаро ба пои мотам кашонд.
Пурқурбонитарин ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Батаклан анҷом дода шуд, ки дар он якуним ҳазор нафар тамошобин ҳузур дошт.
Ҳамин тариқ, айни замон тамоюли ҳарчи бештар истифода бурдани асосноккунии фаъолияти терроризму экстремизм ба чашм мерасад, ки дар навбати аввал тавассути шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, аз ҷумлаи шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ба монанди “Одноклассники”, “Фейсбук”, “Мой мир”, “В Контакте”, “Имо”, “Тик ток” ва ҳоказои дигар арзи ҳастӣ кардаанд, ки шумораи аъзо шудагон дар онҳо садҳо ҳазор ва миллионҳо нафарро ташкил медиҳад. Яъне метавон қайд кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имконият доранд, ки тавассути иттилоотӣ дар худ дошта ба шуури ҷавонон ва наврасон таъсири зиёд расонанд ва ҳамзамон бо роҳи фиребу қаллобӣ ва мағзшӯӣ фикру ақидаи онҳоро ба дигар самт равона созанд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пос доштани арзишҳои маънавӣ, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар маҷрои ҷаҳонишавии босуръат бо дарки масъулият Истиқлоли ватанамонро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулият, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти мунтазами худ қарор диҳем.
Чи тавре, ки Роҳбари давлатамон басо хуб қайд кардаанд: “Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падарону модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд.
Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд”.
Моро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат бо ақли солими худ кор ва бо андешаву сабру таҳаммул рафтор намоем то дар ҳифзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободии ин сарзамин воқеан ҳам зебову биҳиштосо, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб гузорем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе