Таърихи инсоният собит менамояд, ки маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мақсаднок ва мунтазам оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат мебошад.
Ин омили муҳим тақозо менамояд, ки пайваста соҳаи иҷтимоӣ, кор бо шаҳрвандон ва ободонии диёр таҳким ва густариш ёбад ва бамаротиб баланд бардошта шавад.
Барои ҷомеа ва давлат таҳкими ватандӯстии созандаву рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст.
Ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташаккул медиҳад, ки он дар навбати худ ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» садо дод, албатта, иқдоми бамаврид ва илман асоснокшуда маҳсуб мешавад. Зеро ҳаёти инсон доим дар ҳолати такмил ёфтан қарор дорад ва вобаста ба ин талаботу ниёзи мардум ҳам пайваста тағйир меёбад.
Агар ба таърихи рушди давлатҳои пешқадами дунё рӯй оварем, маълум мешавад, ки бунёди рушди ин давлатҳо аз баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо иборат мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Дар ҳар давру замон масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги олии ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди инкоркунии ҳуқуқ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими принсипҳои волоияти қонун дар дилхоҳ давлати олам ҳамеша аҳамияти бузург доштанд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии миллати тоҷик имрӯз Тоҷикистон ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ниёз дорад, ки он принсипҳо, ҳадафҳо, самтҳои асосӣ ва мундариҷаи сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ муайян мекунад.
Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла сатҳи огоҳӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ, таъсиси низоми ҳавасмандгардонии раванди риояи қонун ҳамчун модели асосии рафтори иҷтимоӣ, дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани идеяи иҷрои софдилонаи вазифа ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд нигаронида шаванд.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Тоҷикистон диққати хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ меандешад ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ мешаванд.
Аксари шаҳрвандон донистану риояи қонунҳо, хоса Конститутсияи кишвар, эҳтиром гузоштан ба онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои худу дигаронро ҳатмӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур меҳисобанд.
Мардум бояд қонунҳо ва талаботи онҳоро каме ҳам бошад, барои зиндагии рӯзмарра заруриашро донанд.
Масалан, танзими анъана ва ҷашнҳо, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, андози замину амвол, андози нақлиёт ва ғайраҳо.
Агар шахс дониши мукаммали ҳуқуқӣ дошта бошад, дар ҳама ҷо, дар коргоҳу бозору мағоза, беморхонаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда метавонад.
Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки кадом кирдор ғайриқонунӣ ва ҷиноят ба ҳисоб меравад, то ки даст ба кирдорҳои ношоям назанад.
Дар маҷмуъ, зери мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” маҷмӯи донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида баҳс намуда, ҷиҳати батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст.
Ҳусейнов Умед,
корманди масъули шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират