Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва нақлиёти мусофирбар пайваста роҳандозӣ гардида истодааст.
Чунин як вохӯрӣӣ судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон Нодирзода Иматшо ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки аз сафар “ба Федератсияи Россия муваққатан худдорӣ намоянд”. Сабаби тавсияи худдорӣ аз сафар ба ин кишварро Сардори Хадамоти муҳоҷират ба пурзӯр шудани назорат ҳангоми вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Россия тариқи гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ рабт дод.
Ҳамзамон дар мулоқот бо шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки ҳар нафаре, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мебарояд, ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия то 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ кам карда мешавад.
Ҳамчунин ҳатман супоридани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирии ҳамаи шахсони ба кишвар воридгардида ҷорӣ мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират