Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар ҷаҳон кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он мубориза набарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.
Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».
Дар ҳақиқат, мо барои пеши роҳи ин кори номатлубро гирифтан дастаҷамъона бояд кӯшиш намоем ва аз ҳама аввал барои нест кардани корҳои коррупсионӣ муборизаро аз оила оғоз намоем, беҳтару хубтар мешуд.
Коррупсия ба беадолатии ҷамъият, нобаробарӣ ва норозигии аҳолӣ оварда мерасонад. Азбаски на ҳама аъзои ҷомеа мавқеи устувори муқовимат бо коррупсия доранд ва на ҳама коррупсияро ҳамчун зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мекунанд, байни ҷавонон амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мисолҳои мушаххас асосёфта тақозои замон аст.
Ба ҷавонон ақидаро оид ба он, ки маҳз коррупсия аз монеаҳои асосӣ дар раванди амалишавии барномаҳои рушд маҳсуб меёбад, талқин карда, онҳоро барои арзёбии дурусти ҳолати коррупсионӣ ва роҳҳои баромадан аз онро омӯзонидан даркор аст.
Ҷавонон ба коррупсия на ҳамчун як зуҳуроти муқаррарӣ, балки ба як ҳолати ҷиддие, ки ба амнияту суботи кишвар хатар эҷод мекунад, муносибат кунанд.
Барои аз байн бурдани ин амали номатлуб мо дар он вақт муваффақ мешавем, ки кори дастаҷамъона бурда, ҳушёру зирак бошем, алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҳама вақт ва дар ҳама ҷой муборизаро пурзӯр бояд намуд.
Бобиев С.,
мудири бахши муҳоҷирати экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе