Тўли 30 сол халқи Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро пеш бурда истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон оид ба таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт, ки имрўз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ нақши хосаеро доро мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешрафти халқи Тоҷикистон буда, вазифаи аввалиндараҷаи он ин пойдории сулҳ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст.
Мавқеи Конститутсия дар муайян кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст.
Маҳз дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад».
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия шаҳодати он аст, ки он мувофиқи мақсаду мароми халқ қабул шуда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои халқ равона шудааст.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор ҳастанд, зеро он аз ҷониби олимон, коршиносон, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои Конститутсияи демократии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Ҷашни 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хосае дорад.
Аз нуқтаи назар тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 30 соли амали Конститутсия насиби халқу давлат гардидааст, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобем, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд.
Мардонзода Суҳайли,
мудири бахши иқтисод ва банақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират