Ҳамасола мардуми тоҷик санаи 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд.
Чунки, 30 сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқ санади муҳимми тақдирсоз ба номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Конститутсия истиқлолияти давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва чун шиносномаи миллати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Тоҷикистон баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи хеш эълон кард ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян сохт.
Баҳри боз ҳам беҳтару хубтар гардидани зиндагии мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи бештар сатҳи зиндагии ҷомеаи имрӯзаи мо баланд шавад ва устувор гардад.
Муҳимтарин аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ ҳамчун доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ – ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.
Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бе шикасту озодипарасти миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз истиқлолияти давлатии мо бозгӯӣ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастуру кори зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати муттамадини тоҷик аст.
Аз рукунҳои муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ принсипи конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.
Имрӯз он тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда мешаванд, меъёрҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҷомеаи демократиро мукаммал мегардонад.
Дар ҳама давлатҳои хурду бузурги мутараққӣ Конститутсия қонуни асосии давлат, муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти хокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ ва муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.
Конститутсия, ҳамчунин муайянкунандаи тартиботи ҳуқуқӣ, муҳимтарин омили кафолати сулҳу осоиштагии сокинони мамлакат буда, бунёди давлатӣ демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ба ҳамин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ такя мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.
Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози хар як миллат аст.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалкӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатхои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатии иқтисодиву сиёсӣ бунёд намудааст, ки тамоми давлатҳои олам Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардаанд.
Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хешро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.
Ҳоло ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Қайд кардан зарур ва ҳатмист, ки тамоми ин дастоварҳои беназир маҳз аз баракати Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи миллат, марди матину қавиирода, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардуми тоҷик ӯро дар дилу дида ҷой додааст, имрӯз миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Хадамоти муҳоҷират