Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ва Қалъаи дашт дар муассисаҳои таълимии №2, 37, 25, 1 ва 35 бо омӯзгорону хонандагон, падару модарон, фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд, ки дар он муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти вохӯриҳо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабзода О., баромад намуда, дар бораи ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар кардани ҷавонон аҳамияти махсус дода, марзубуми ин Ватани муқаддасро нигоҳ бояд дошт.
Мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватани азиз, иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ширкат варзидан дар стипендияҳои Президентӣ ва ноҳиявӣ, фаъол бошанд.
Неъматуллозода Ш., – корманди Шуъбаи корҳои дохила дар ноҳия қайд намуд, ки бархе ҷавонон дар оилаҳое ба воя мерасанд, ки аз фарҳанги ватандӯстӣ, гиромидошти ҳурмату эҳтироми волидайну пайвандон, калонсолон маҳруманд.
Маҳз чунин ҷавонон зери таъсири таблиғоту ташвиқоти гурӯҳҳои иртиҷоӣ мемонанд.
Бо ҳамин сабаб чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи урфу анъана ва одатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихи, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки мунтазам вохӯрии ҷавонону наврасон бо хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, фаъолон, шахсони обрӯманд ташкил ва гузаронида шавад.
Азизова Б., – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷи рат, оид ба донистани забон ва қонуну қоидаҳои давлати муҳоҷирпазир, ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ намудани муҳоҷирон дар доираи иҷроиши қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷа ва сарфаю сариштакории оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ташхису табобати он дар байни муҳоҷиронӣ меҳнатӣ ибрози назар намуд.
Давлатзода Р., мудири бахши кор бо занон ва оила сухан намуда, қайд намуд, ки баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, муарифи кардани ҳунарҳои занони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо бонувони тоҷик дар соҳаҳои маориф, тандурӯстӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил медиҳанд ва зарур аст, ки баҳри дар тамоми самтҳои фаъолият аз ҷумла муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
Бояд мо занону духтарон барои баланд бардоштани номи зани тоҷик дар тамоми кишварҳо, тарғибу ташвиқ ва тарзи пӯшидани либосҳои миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгири ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад. Оиди ба расмият даровардани никоҳи хешу табори кайд карда гузаштанд.
Алиева Н., сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия баромад намуда оиди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ” пушидани сару либоси ягона, тозагии синфҳо, робитаи мактаб бо волидайн ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, сухан намуданд.
Азизова Басонат,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод