Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбеи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Россия сафари меҳнатӣ мекунанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мулоқот бо шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, омодагии пешакии шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои амалкунанда дар кишвари Федератсияи Россия, инчунин пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Наботов Насим, вобаста ба мушкилотҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр худро аз ин омилҳо бояд эмин нигоҳ дошт, иброз намуда, ҳозиринро ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират шинос намуд.
Қайд гардид, ки ҳар нафари азми сафар ба кишвари Федератсияи Россия дошта, бояд пеш аз сафар шиносномаи худро дар маҳзани манъшудагон санҷида баъдан ба сафар барояд, ҳангоми сафар тарзи дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошад ва забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки шаҳрвандони мо бояд ҳатман донанд, ки онҳоро ба куҷо мебаранд ва дар куҷо кор мекунанд то ин, ки қурбони савдои одамон нагарданд, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён ҳар нафар шаҳрвандро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил менамоянд.
Ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои он дар кишвари Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамкорӣ намоед.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳоллатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим карда шуда, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки аз давлати Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд, барои дарёфти кори мувофиқ дар дохили кишвар бо музди меҳнати арзанда ва шароиту имконияти хуб дар ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ, аз қабили ҶСК “НБО Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе