Вохӯриву мулоқотҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, дар якҷоягӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ, бахши дин, ҷашну маросим, КИ ХХДТ дар ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриву мулоқотҳо гузаронида истодаанд.
Чунин, як вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона, деҳаи Назаров доир ба мавзӯи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалбӣ ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар Ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, вохурӣ гузаронида шуд. Аз руи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия мунтазам идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд