Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар доираи Лоиҳаи PROTECT “Беҳтар намудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои роҳи Абрешим ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” бо омӯзгорон ва хатмкунандагони литсейи омӯзгории шаҳри Худанд, бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи мазкур баргузор гардид.
Мавзӯи асосии чорабинӣ омодагии пеш аз сафар ба хориҷа, имкониятҳои касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиёт будан аз ширкатҳои қалбакӣ, афзалиятҳои ҷалби муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, тарзи бастани шартномаи корӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, навгониҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва як қатор дигар масъалаҳои мубрам вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ҳар як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани Патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки Патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд.
Огоҳинома, аз ҷумла, дар сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрванди – ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ баста шуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани Огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад.
Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳранди хориҷӣ танҳо баъд аз 1 сол аз рузи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.
Инчунин, дар бораи “Ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия” аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ки ваколатҳои Мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад. Муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар ФР барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.
Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд.
Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР ворид гардиданд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки экстремизм ва терроризм оянда надорад. Агар дидаву дониста иштирокчии амалҳои ифротӣ гарданд, пас дар хотир дошта бошанд, ки ҷиноят содир мекунанд.
Экстремизм шахсро аз ояндааш маҳрум мекунад, метавонад ҳукми аз озодӣ маҳрум шуданро гирад ва то абад дар назари одамони дигар ҷинояткор бимонад ва бозичаи дасти дигарон нашавад.
Агар, ки шоҳиди зуҳуроти ифротгароӣ, террористӣ бошед, ҳамеша метавонед ба Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед. Худ ва оилаатонро ҳамеша аз хатар эмин нигаҳ доред.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд