Давоми ҳафтаи сипаригардида дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техники саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод чорабинии итиилоотӣ – маърифати баргузор гардид.
Дар он муовини раиси ноҳия, намоянда аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, омӯзгорони МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва роҳбарияти Литсей иштирок ва суханронӣ карданд.
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зоидов Ҳ., дар баромади худ доир ба ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша кард.
Қайд кард, ки муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератисияи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад. Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд.
Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР омадаанд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст, қайд намуд, ки ҳар як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд.
Огоҳинома, аз ҷумла, сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ – ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ басташуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо аз баъд 1 сол аз рузи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд
Давоми ҳафтаи сипаригардида дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техники саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод чорабинии итиилоотӣ – маърифати баргузор гардид.
Дар он муовини раиси ноҳия, намоянда аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, омӯзгорони МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва роҳбарияти Литсей иштирок ва суханронӣ карданд.
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зоидов Ҳ., дар баромади худ доир ба ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша кард.
Қайд кард, ки муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератисияи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад. Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд.
Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР омадаанд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст, қайд намуд, ки ҳар як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд.
Огоҳинома, аз ҷумла, сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ – ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ басташуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо баъд аз 1 сол аз рузи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.