Конститутсияи Тоҷикистон, ки бо шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ин нукта, 5 ноябр дар ҳамоиш бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират иброз шуд.
Дар он омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони Сардори Хадамот ва кормандони Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.
Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо сухани ифтитоҳӣ намуда, дар робита ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Конститутсия барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда, яке аз дастовардҳои бузурги замони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”.
Халқи куҳанбунёди тоҷик пас аз садсолаҳои талошу мубориза 9 сентябри соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардида, дар шароити бисёр ҳассоси таърихӣ 6 ноябри соли 1994 бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуд.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусияти инсон дӯстонаву давлат меҳвари он ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.
Таҳия ва қабули Конститутсия, ки дар раванди он саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст, бе шубҳа нишон аз санъати волои сиёсат ва давлатдории таърихан шакл гирифтаи миллат мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки аввалин эъломияи ҳуқуқи башар маҳзаз забони Куруши Кабир – асосгузори Империяи Ҳахоманишҳо садо додааст, ки аҷдодони мо мебошанд.
Дар тули соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, созишнома ва Ёддоштҳои ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ таҳия ва қабул гардиданд.
Дар ин муддат Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ду маротиба), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи ҳунармандӣ”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”қабул гардидаанд, ки ин санадҳо ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонданд.
Инчунин, қабулу татбиқи Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия ва қабул гардидаанд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират як қатор созишнома ва ёддоштҳои ҳамкорӣ байнидавлатию ҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ ба тасвиб расидаанд, ки ҳамаи онҳо дар самти танзими муносибатҳо барои Тоҷикистон ҳамкориҳоро фароҳам меоварад.
Дар навбати худ, мо кормандони соҳаи муҳоҷиратро зарур аст, ки ҳама талаботи ин санадҳо ва аз ҳама муҳим санади олиро баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ободию осоиштагии ватани азизамон риоя ва иҷро намоем. Танҳо дар он ҳолат мо метавонем бо ифтихори баланд гуем, ки масъулияти баланди ватандориро сарбаландона дар назди халқу ватан ба субут расондаем.
Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бо нангуномуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад, – афзуд Нодирзода И.
Сипас. дар назди ҳозирин, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ баромад намуда, қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 30 солагии онро таҷлил намуда истодаем аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои бузурги замони соҳибистиқлолии кишвар буда, бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо ва амсоли ин масъалаи маърифатнокии аҳолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон буда, таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро гузошт. Имрӯз он барои ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши хоссаро доро мебошад.
Тамоми дастовардҳое, ки дар 30 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими Президети мамлакат ва халқи Тоҷикистон мебошанд. Зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз ҷумҳурии моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд.
“Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба якчанд нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд”, – қайд кард Маҳмудов Д.
Дар фарҷом ба чанд нафар кормандони фаъоли Хадамоти муҳоҷират “Ифтихорнома” – и Хадамоти муҳоҷират супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират