Сулҳе, ки мо, тоҷикон бо истифода аз хиради ниёгону миллати хеш ба даст овардаем тамоми мардуми дунё беназир ҳисобида, онро омӯхта истодаанд. Пӯшида нест, ки миллати тоҷик зери хатари ҷанги хонумонсӯз умедро аз ободӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, давлати ободу пешрафта канда буд.
Дӯстон, бояд кӯр буд агар, ки ин ободӣ, тараққиёту созандагӣ, обрӯю эътиборе, ки берун аз марзи мамлакат дорему бегонагон қадр мекунанд, набинем ва аз ин пешравиҳою сулҳу салоҳи насибгашта норозӣ бошем.
Охирҳои асри ХХ басо давраи ҳассоси таърихӣ буд, ки даҳ соли охири онро дарбар мегирифт. Мураккабии ин давр дар он буд, ки чунин мамлакати пуриқтидори Иттиҳоди Шуравӣ зери кирдорҳои берун аз марзию ҳаракатҳои дохилӣ аз байн рафт. Тоҷикистон дар қатори ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар алангаи шадид миёни қувваҳое монда буд, ки онҳо талоши ба даст овардани ҳокимиятро доштанд. Ин гирудор қариб буд, ки Тоҷикистонро ҳамчун як давлат, тоҷиконро ҳамчун як миллат аз байн барад ва мо тоҷикон боз ҳазорсолаҳои дигар зери фармону таҳқири бегонагон монем.
Таърих гувоҳ аст, мо ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро аз сар гузаронидаем, аз оинаи нилгун чунин ҳодисаҳоеро медидем, ки нафрати инсон меомад, бародарро бо бародар душман месохтанд, бо туҳмату фитнаҳои ғаразноки худ роҳгумзадагонро ба мақсади муғризонаи хеш истифода мебурданд, медидем, мешунидем, ки гурӯҳе бо номи мухолифин, тарафдорони сарнагун кадани ҳокимияти қонунӣ буданд.
Бояд рӯирост гуфт, ки дар чунин як даври ҳассоси таърихӣ, тарафдорони ин андеша, бо дар назардошти бедонишии мардум ва огоҳ набудан аз асолати дини ислом ҳизберо бо номи ҲНИТ ташкил намуданд. Дар аввал халқи гумроҳ ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо бовар кард, Ватан ба майдони ҷангу қатлу куштор мубаддал гашт.
Бояд қайд намуд, ки аз рӯзи аввали фаъолияти худ ин бадхоҳони миллату Ватан ҳамчун ичрокунандагони амри қувваҳои беруна, ки несту нобуд шудани Тоҷикистонро ба нақша дароварда буданд, даст ба фитнаю дасисаҳо мезаданд, халқро ба алангаи оташ мекашиданд. Ситораҳои намоёни ақлии ҷомеаеро, ки бедоршавии халқро мехостанду хилофи андешаҳои фитнаангезонаи онҳо сухан мегуфтанд, сарнагун месохтанд.
Бояд гуфт, ки халқи тоҷик, ки дар гузашта китобдор, соҳибмаърифат ва ҳоло мероси қиммати ақлии ниёгонӣ дорад, аз андешаҳои ғаразноки ин гурӯҳи одамон бохабар шуда, даст ба сулҳу салоҳ зад. Расидан ба ваҳдату ягонагӣ кори осон набуд, мебоист дар аввал сарвареро пайдо кард, ки дар ҳамин давру замони парешонӣ тавонад мамлакатро аз ҷанги бародаркуш вораҳонад, фироршудагонро ба Ватан баргардонад, мамлакатро ба роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, дар аввал мамлакатро аз бумбасти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ барорад. Ҳизбҳои сиёсиро, ки дар Тоҷикистон кам набуданд ба ҳамкорӣ ва обод намудани Ватан равона намояд.
Хушбахтона, таърих дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Ӯ ҳамчун сарвари мамлакат дар аввал масъалаи сулҳро гузошта, чунин иброз дошт: “Ман ба халқам сулҳ меорам”. Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти худ сараввал ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ дод, ки байни мухолифин, тарафдорони ҲНИТ ва Ҳукумати навбунёд сулҳ баста шавад, то ки дастҷамъона бо ҳама тарафдорони ҳизбҳо мамлакатро ободу зебо гардонанд.
Хушбахтона соли 1997 ба ин ҳадаф расидем, лекин сад афсӯс ҲНИТ ва тарафдорони он, ки мақсади асосиашон соҳиб шудан ба ҳукумат ва шиори онҳо ташкил намудани давлати исломӣ дар ҳудуди Тоҷикистон буд, аз андешаи худ нагашта аз ҳадафҳои пурғарази хеш даст накашида, боз даст ба хиёнат заданд. Чандин маротиба дар ҳудуди мамлакатамон гурӯҳҳои террористиро таъсис дода, ҳаёти осоиштаи халқу мамлакатро нотинҷ намуда мехостанд, то ба ин васила ба ҳадафҳои худ расанд.
Шукрона аз он мекунем, ки қувваҳои равшанфикри мамлакат дар ҳамҷоягӣ бо Ҳукумати мамлакат, шахсан Сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро аз чанголи ҷанги бародаркуш, хунрезону фитнагарон, хиёнаткорону ғаразҷӯён озод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ нишон дод.
Дӯстон беҳтар аст агар ботинамонро пок дорем, ғаразро аз сина дур намоем, мамлакатро боз ободу зеботар гардонем. Иншоотҳои пуриқтидори мамлакатро саривақт ба нақша гирифта, ба кор дарорем, обрӯи кишварро бо рафтор, гуфтор ва кирдори неки меросиамон ободтару зеботар созем. Дар Ватани биҳиштосои худ инсонвор зиндагӣ намуда, дигар нагузорем, ки ин кишвар ҷавлонгоҳи бегонагону хоинон бошад.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе