Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо афзун гашта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст.
Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст.
Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.
Ташкилоти террористиву экстремистӣ асосан ҷавонони бесаводу ноогоҳро ба боварии худ медарорад. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав гумроҳ мешавад. Ташкилоти террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд.
Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад.
Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз он ҷумла, терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд.
Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму экстремизм қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.
Наботов Наисм,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе