Имрӯз дар ҷаҳон вазъияте ба амал омадааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, ба монанди экстремизм ва терроризм шуда мондааст. Мамлакати мо баҳри пешгирии падидаҳои ифротӣ, ҳамчунин ҳадафҳои нопоки душманони миллат кўшиш ба харҷ медиҳад. Аз оғози ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мубориза мебарад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо. Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст.
Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини Ислом дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳу маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст. Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд ва ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд.Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки экстремистону террористон ба вуқӯъ омадааст. Ва чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд.
Мегӯянд, ки террорист на ватан дораду на миллат. Барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Ва имрӯз ҳар як ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон баранд.
Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Мо ҳамеша экстремизм ва терроризмро шадидан маҳкум менамоем, инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем. Зеро ин ободию осиштагӣ ва ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Додихудоева Дилафрӯз,
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе