Дар ноҳияи Шаҳритус бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо доираи васеи сокинону фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки мақсади баргузории вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ ва мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
Раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти давлатӣ нест. Барои амалӣ кардани он бояд тамоми гурӯҳҳои ҷомеа ҷалб карда шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро ба аҳли ҷомеа ба таври дурусту муносиб фаҳмонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеаҳо бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ пайдо намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон