Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт.
Гарчанде амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, ҳамоно мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд, зеро ҳадаф ин ба тарс ва воҳима андохтани мардум аст.
Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба доми худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада пас аз марг байни ҷомеа обрӯву нуфузи бештаре пайдо мекунад. Ҳатто бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гуруҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки шахсони гумроҳшуда ба лӯхтаки зархаридони хориҷӣ ва баъзе доираҳои манфиатҷӯй табдил меёбанд.
Оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад. Ташкилотҳои террористӣ то андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист – худкуш тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад.
Ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд. Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад.
Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, экстремизму терроризм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд.
Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо экстремизму терроризм қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе