Муҳоҷират ва зуҳуроти муҳоҷирӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омада, одамон кӯшиш мекарданд, ки барои беҳтар намудани шароити зисти худ ба муҳоҷират сафар намоянд. Имрӯз муҳоҷират як раванди муҳим гаштаасту қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳоҷиронро қабул мекунанд ё баръакс интиқол медиҳанд.
Ҳар давлат дар ҳар давру замон ҳодисаи муҳоҷиратро ба таври гуногун гузаронидааст. Масалан, дар солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ дар ҳамаи мамлакатҳои узви иттиҳод буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, пастшавии сатҳи зиндагӣ ба вуҷуд омада, аз ҷониби дигар сиёсати «дарҳои кушода» ба миён омад. Дар Тоҷикистон ҳам дар солҳои ҷанги дохилӣ мардуми зиёд рӯ ба муҳоҷират оварданд. Дар он давра бештари муҳоҷирон иҷборан манзилҳои зисти худро партофта, ба хориҷа рафтанд. Баъди ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан баргаштанд, иддае аз онҳо бо сабабҳои гуногун боз рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд.
Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин як роҳи ворид намудани маблағ ба буҷаи оила буда, аз ҳисоби кор дар хориҷа муҳоҷир маблағ ба даст меоварад ва вазъи оилавии худро беҳтар мекунад, хона, мошин ва бевосита кулли лавозимоти моддии оиларо таъмин менамояд, инчунин фарзандонашро мехононаду маросими тӯйи онҳоро ба ҷо меорад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки бо роҳи муҳоҷират ҷараёни ҷаҳонишавии давлат низ суръат мегирад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни кор технологияҳои навро аз худ мекунанд. Тавре ки маълум аст, муҳоҷиратро ба як чанд намуд ҷудо кардан мумкин аст, муҳоҷирати меҳнатӣ ё корӣ, мавсимӣ, дохилӣ, экологӣ, хориҷӣ ва ғайра… Албатта, мафҳуми муҳоҷири меҳнатӣ ва ё корӣ ба ҳама маълум буда, зери ин мафҳум шахсеро мефаҳманд, ки барои дарёфти кор аз ҷое ба ҷое ҳиҷрат кардааст. Вале ин маънои онро надорад, ки ин шахс бояд аз ҳудуди кишвари худ берун равад, муҳоҷири меҳнатӣ метавонад шахсе бошад, ки аз деҳа ба шаҳр ва ё ба дигар деҳа барои кор рафтааст. Яъне, чунин нафаронро муҳоҷирони дохилӣ низ номидан мумкин аст.
Муҳоҷирони мавсимӣ шахсоне мебошанд, ки дар як вақти муайян барои як мавсим ба кор мераванд. Имрӯз бештари муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия ба кори мавсимӣ машғул мешаванд ва пас аз анҷоми кор боз ба ватан бармегарданд. Чунин нафарон бештар ба кори сохтмон ва ғайра машғул мешаванд. Муҳоҷирони экологӣ шахсоне мебошанд, ки аз сабаби бад будани вазъи экологии минтақаи зист ба ҷойи дигар кӯчонида шудаанд.
Имомалӣ Каримов,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд