Имрӯзҳо дар қаламрави сайёра мо зуд‐зуд бо калимаҳои экстремизму терроризм дучор мешавему ҳодисаҳои нохуш, хунрезӣ, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва дигар амалҳои номатлубро пеши назарамон меорем. Дар ҳақиқат, экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд. Воқеан, ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад, дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар мегузорад.
Чунин вазъият ҷомеаи бо тамаддуни оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили экстремизм ва терроризм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин аст. Имрӯз, мубориза зидди экстремизм ва терроризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи экстремизм ва терроризм дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ яке аз субъектони пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ‐ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас дорад.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Амалҳои террористӣ ин, пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гӯшаи олам содиршуда моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоиста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осоишта бигзарад, давлатамон осоишта бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон