Коррупсия таърихи қадима дошта, яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, вале аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ба ҳадде коҳиш диҳанд. Воқеан ҳам тавлидкунанда ва бавуҷудоварандаи тамоми ҷиноятҳо ин коррупсия ба ҳисоб меравад. (Ба истилоҳ модари ҳамаи ҷиноятҳо коррупсия мебошад).
Коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, ҳам батадриҷ, хароб мекунад.
Дар қарни XXI низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номустаҳкам гаштани пояи давлат эътироф шудааст. Барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Дар сарсухани конвенсияи СММ дар ин бора чунин омадааст: “Коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ва болоравии эҳтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад, обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд, дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони таллофинашаванда расонида мешавад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун гардида, шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад”.
Аз ин рӯ, коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.
Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Бо ин тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид.
Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми қонунгузории кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардида, он мавриди амал қарор дорад.
Ҳамаи ин чорабиниҳо ба мисли таъсиси мақомоти нав, қабул ва татбиқи қонунҳо, муборизаи беамон бар зидди коррупсия фақат бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волоияти қонун равона карда шудааст.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе