Имрӯз дар ҷаҳон, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин зуҳурот дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахс таъсир расонида, бо ин роҳ шаҳрвандони гуногуни дунё бахусус, ҷавононро ба сафҳои худ шомил карданӣ мешаванд.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани ҳаракатҳои экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Содир кардани амалҳои экстремистӣ ҳамчун ҷиноятҳои муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ эътироф карда шуда, дар моддаҳои 307(1)-307(4) ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)” аз 31-уми августи соли 2007 таҳти №7 барои экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф намудани фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ, фаъолияти ҳизб, ҳаракат ё дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ муқаррар намудан лозим аст, ки ҳаракатҳои онҳо барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ҳалалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ равона шудааст ё не.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе