Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҳлили бурду бохти ин соҳа ва пешниҳоди дастуру ҳидоятҳои созандаро сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии Роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлатро нисбат ба маориф ва рушди илму инноватсия таъкид намуд.
Сароғоз Президенти мамлакат бо руҷуе ба вазъи ноороми ҷаҳони муосир ва мусаллаҳшавии бошитоб, “канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва омилҳои берунӣ” таъкид доштанд: “Кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст”.
Чунин шароити ногувори сиёсиву иқтисодӣ ба таъкиди Пешвои миллат “моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем”.
Аз таҳлилҳои анҷомёфта маълум гардид, ки воқеан татбиқи марҳалаҳои аввалини рақамикунонии иқтисодиёт, гузариш ба ҳукумати электронӣ, афзудани пардохтҳои нақдӣ барои рушди бемайлони низоми соҳаҳои гуногун ва даромади буҷету даромаднокии аҳолӣ таъсири матлуб гузоштааст. Танҳо дар давоми панҷ сол чаҳор маротиба зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат гувоҳи ин амр мебошад. Ба ин хотир, Пешвои миллат изҳор доштанд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”. Мардуми шарафманди Тоҷикистон бовар доранд, ки суръат гирифтани рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия дар кишвар метавонад ин раванди пешрафти босуръати тамоми хоҷагиҳои халқи кишварро боз ҳам тақвият бахшад.
Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз», таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ва сохтмони неругоҳи «Себзор» идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шудааст. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардидааст.
Дар Тоҷикистон шароити пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ роҷеъ ба масоили мубрами сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ муҳайё сохта шудааст, ки тавассути он муҳаққиқон дар конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналхалқӣ ширкат менамоянд ва суханронӣ карда, манфиатҳои давлату миллатро гиромӣ медоранд.
Қудрату дониши олимону адибон ва нависандагони халқи тоҷик ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон дигар уламо барои ҷаҳониён маълуму машҳур аст, ки бо афкори созандагӣ, ваҳдатпарастӣ, дӯстӣ ва маърифатпарварӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Дигар ин ки мардуми тоҷик чӣ тавре, ки аз таърих бармеояд, дорои фарҳанг, дониш, таҷрибаи бои суханварӣ ва аст.
Тоҷикистон дар муносибат бо дигар давлатҳои олам аз рӯи принсипи дарҳои кушода фаъолият мекунад ва бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои судманди тарафайнро пеш мебарад. Бо ташаббусҳои созандаи худ, ки аҳамияти минтақавиву ҷаҳонӣ доранд дар ҷаҳони муосир шӯҳрати зиёд пайдо кардааст.
Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон