Ҷомеаи ҷаҳони имрӯзҳо дар вазъияти ниҳоят душвору муташанниҷ қарор дорад. Кашмакашиву ҷудоихоҳӣ, бархурди қудратҳову манфиатҳо, ҷангҳои итилоотӣ ва фаъол гаштани гурӯҳҳои тундрави террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро маҳкум намуда, пайваста барои решакан намудани ин гурӯҳҳои тундрав муборизаи беамон бурда истодааст.
Доир ба мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”-ро қабул намудааст, ки мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, самтҳои мубориза бар зидди ин гуна гурӯҳҳо ва амалигардонии механизми мазкурро пурра дар он пешбинӣ намудааст.
Вазъияти ҳассоси ҷомеъаи ҷаҳонӣ фаъол гаштани ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳар як давлатро водор месозад ки алайҳи он барнома ва ё стратегияеро алайҳи мубориза бо он тарҳрезӣ ва қабул намояд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин гуна рӯзҳои сиёҳи сангинро ҳангоми пошхӯрии Иттиҳоиди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон аз сар гузаронид. Дар ҳамон давраҳо низ чунин гурӯҳҳо бо кӯмаки хоҷагони худ силоҳ бар даст гирифта бародари худро қатл менамуданд то пояҳои давлатдориро суст намуда онро ғасб намоянд.
Чуноне бузургони мо гуфтаанд «Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил нахоҳад расид» ва ҳамон каҷфикрону бад андешагоне ки алайҳи ҳаммилату ҳамзабони хеш силоҳ бар даст гирифта оташ кушоданд ба мақсад нарасиданд ва беҳуда Президенти муҳтарам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат нагуфтаанд, ки терорист Ватан, модар, мазҳаб, дин ва эмон надорад.
Дар ҳар Паём Роҳбари давлат ҷиҳати андешидани тадбирҳои мудофиавӣ ва амниятии кишвар ба сохторҳои марбутаи дахлдор дастуру супоришҳо дода амалисозии онҳоро талаб менамоянд.
Ҳар яки мо дар ин асри пешрафти технологияи итилоотӣ дастраси ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем, ҳамарӯза чи тариқи телевизион ва чи тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки дар ҷаҳони имрӯза чи вазъият аст, чи гуна ҷангҳои дохилии кишварҳои Ховари миёна, Аврупо дар ҷуш аст, чи гуна гурӯҳҳои ифротӣ бо кӯмак ва дастгирии абарқудратҳои манфиатдор ғасби ҳокимият намуда истодаанд, чи қадар талафотҳои ҷонӣ, фирори гаштани сокинони маҳаллӣ ва қурбони гаштани нафарони осоишта, алалхусус занону кӯдакон чашм расанд.
Дар сомонаҳи интернети ҳастанд бадхоҳони миллати мо низ, ки алайҳи давлату миллат суханҳои носазо гуфта мардумро ба гумроҳиву халалдорсозии Тоҷикистони осоишта водор менамояд.
Инҳо ҳамон нафароне, ки дар хориҷ дар хизмати хоҷагони худ буда бо супориши онҳо ҷиҳати халалдор кардани суботи кишвар ва барангехтани кинаву адоват мардумро гумроҳ менамоянд.
Мо бояд ба ҳамаи ин нигоҳ накарда барои осоиштагии кишварамон, пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли давлатиамон шукргузор буда баҳри рушду пешрафти кишварамон хизмати софдилонаву содиқона намоем.
Итиқлолияту озодӣ, тинҷуиву оромие, ки мо мардуми тоҷик дорем орзӯи шабонарузии он мардуми ҷангзадааст, орзӯи шабонарӯзии он ҳамсоякишвар аст, орзӯву умеди он занҳову кӯдаконе ки фирориву дарбадаранд.
Боз мо аз ин кишвар бинолем? Ношукриву носипосӣ намоем?
Шукри оромиву озодӣ, шукри тинҷии кишвар намоем, ки орому осуда умр ба сар бурда истодаем. Дар охир чаҳор мисра шеър аз бузургони гузашта.
Амири бе Ватан хору залил аст,
Гадо гар дар Ватан мирад Амир аст.
Ё ин ки бузурговори дигари мо мефармояд;
Палангу шер не марди Ватан бош,
Чу Аҳмад вой ҳамдарди Ватан бош.
Муминов М,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айни